Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул: Трамп монеи дарёфти адолат нашудааст


Додситони кулли ИМА Уилям Барр 1 май дар робита ба гузориши додситони махсус Роберт Мюллер дар бораи тафтиши робитаи атрофиёни наздики президент Доналд Трамп бо Русия дар Конгресс баёнот дод.

Уилям Барр аз ҷумла гуфт, ки Трамп барои монеъ шудан ба адолат дар "тафтишоти дахолати Русия" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳад шуд.

Эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрикоро дар соли 2016 додситони махсус Мюллер ду сол тафтиш карда, натиҷаи он 24 марти соли равон нашр шуд. Барр, ки раҳбари бевоситаи Мюллер аст, ба нашри гузориш иҷозат дод. Вале баъзе аз нуктаҳои он, аз ҷумла маълумоти шахсии гумонбарон махфӣ монданд. Барр гуфт, танҳо 10%-и гузориш махфӣ нигоҳ дошта шуд.

Аммо бештари аъзои Конгресс, аз ҷумла намояндагони Ҳизби демократ аз нашр шудани нусхаи таҳриршудаи гузориш норозиянд. Бинонбар ин, ҳоло онҳо аз додситони кул Барр суол карданианд, ки ҳамчун нафари аз сӯи Трамп таъйинушуда ба муфаттишон фишор овардааст ё не.

Ҳамчунин интизор меравад, демократҳо хулосаи гузориши Мюллерро дар бораи он ки гӯиё Трамп ва атрофиёни ӯ дар муборизаҳо барои курсии президентии ИМА аз Русия кумакеро дарёфт накардаанд, зери шубҳа қарор диҳанд.

Барр 1 май дар суханронии худ гуфт, Мюллерро 30 сол аст, мешиносад ва бовар дорад, ки тафтишотро мушикофона анҷом додааст. Додситони кулли ИМА гуфт, Мюллер дар гузориши худ далелеро наовардааст, ки Трамп дар рафти тафтишот монеа эҷод карда бошад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, Трамп ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд.

Тафтишоти беш аз дусолаи Роберт Мюллер муайян кард, ки Русия бо паҳни иттилои дурӯғ ва ҳамлаҳои ҳакерӣ ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст. Вале далеле пайдо нашуд, ки созиши Трамп ё тими ӯро бо Русия дар давраи интихобот исбот кунад.

XS
SM
MD
LG