Дар фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод фурӯши орд дубора маҳдуд шуда, ҳар як хонавода ҳақ дорад, дар ду моҳ як халта орди 50-килоӣ бихарад.
Тавре хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ 29 апрел хабар дод, фурӯши орд дар пайи болоравии нархи он маҳдуд шудааст. Ҳоло як кило орди навъи якум 1,9 манат фурӯхта мешавад (1 доллар 3,5 манат). Тайи як соли ахир як кило орд дар Туркманистон 1 манат буд.
Ба гуфтаи як сокини шаҳри Ишқобод, вақтҳои ахир сифати орд низ поин рафтааст ва бештари сокинон талош мекунанд, ки ордҳои истеҳсоли хориҷӣ, аз ҷумла қазоқӣ ва русиро харидорӣ кунанд.
Дар баъзе аз ноҳияҳои Туркманистон сокинон шикоят доранд, ки наметавонанд ордро дар фурӯшгоҳҳо пайдо кунанд. Барои намуна, аз аввали моҳи апрел дар фурӯшгоҳҳои давлатии баъзе аз ноҳияҳои вилояти Марӣ орд нест.
Манобеъ мегӯянд, камчинии орд дар ноҳияҳои атрофи Ишқобод низ мушоҳида мешавад.