Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: Амрико ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм

Сафири нави Амрико дар Душанбе гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида "ҷонибдори суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст". Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 29-уми апрел дар мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, "онҳо дар масоили иқтисодӣ ҳамеша омодаи ҳамкорианд".

Поммершайм моҳи марти имсол ба ҳайси сафири Амрико дар Душанбе ба кор оғоз кард. Ӯ қаблан бо манзури ошноӣ бо мақомоти дигари Тоҷикистон низ дидору мулоқот дошт.

Масъулони Бонки миллӣ ба сафири Амрико дар мавриди вазъи макроиқтисодии кишвар маълумот додаанд. "Ҷамолиддин Нуралиев ба Поммершайм дар бораи нигоҳ доштани сатҳи таваррум, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумот дод", -- гуфтан дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ин дидор бо сафир, Нуралиев ҳамчунин доир ба тарҳи CASA-1000, хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон, саҳми Амрико дар мавриди татбиқи ин тарҳ ва ҳамчунон сохтмони нерӯгоҳи Роғун маълумот додааст.

Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Амрико чандон зиёд нест. Бино ба омори охир, гардиши савдо миёни ду кишвар дар соли 2017 каме беш аз 75 миллион долларро ташкил додааст.

Амрико дар 27 соли ахир ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар кумак кардааст. Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ техника ва нақлиёт додааст.

XS
SM
MD
LG