Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Кишварҳои узви ОПЕК барои тавлиди нафти бештар тавофуқ карданд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари узви ОПЕК ба тақозои ӯ дар бораи афзоиши тавлиди нафт розӣ шудаанд. Ҳадаф аз ин кор коҳиши қимати ҷаҳонии нафт будааст.

Трамп рӯзи 26-уми апрел дар Твиттер навишт: "Бо мақомҳои Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари созмони содиркунандаи нафт дар мавриди афзоиши тавлиди нафт суҳбат кардам. Ҳамаи онҳо розӣ ҳастанд."

Нархи нафти хом аз оғози имсол дар бозорҳои ҷаҳонӣ 33 дар сад афзоиш ёфтааст. Пас аз изҳороти раиси ҷумҳури Амрико, нархи нафти хом тақрибан се дар сад поин омад.

XS
SM
MD
LG