Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мария Бутина ба якуним соли зиндон маҳкум шуд


Мария Бутина
Мария Бутина

Додгоҳе дар Амрико шаҳрванди Русия Мария Бутинаро ба якуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 26-уми апрел содир шуд.

Мария Бутина эътироф карда буд, ки бе сабтином ба ҳайси ҷосуси давлати Русия дар Амрико фаъолият дошт.

Қозии парванда дар додгоҳи Вашингтон тибқи асноде, ки қабл аз муҳокимаи Мария Бутина аз тарафи додситон фиристода шуда буд, ҳукм содир кард.

Додгоҳ ҳамчунин гуфт, Бутина баробари хатми давраи ҳабс фаврӣ ба Русия фиристода хоҳад шуд. Муҳлати ҳабси Мария Бутина соли 2020 ба анҷом мерасад.

Валерий Бутин, падари Мария Бутина, рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо телевизиони давлатии “Россия 24” гуфт, “пазируфтани хулосаи додгоҳ бисёр сахт аст. Фикр мекунам, дар таҷрубаи ҳуқуқӣ ин қазияи нодир аст. Вақте як шаҳрванди кишвари дигар, як донишҷӯ, ки орзуи сулҳ ва робитаи хуб байни кишварҳоро дошт, таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва ба зиндон андохта шудааст.”

Мария Бутина 30-сола аст. Ӯ дар додгоҳ батакрор гуфтааст, аз кардаи худ пушаймон аст ва аз қозии парванда хостааст, ба ӯ раҳм кунад.

XS
SM
MD
LG