Иёлоти Муттаҳида вуруди Муслим Хучиев, нахуствазири Чеченистонро ба Амрико манъ кардааст.
Ҳушдори Амрико рӯзи 25-уми апрел дар сомонаи Вазорати умури хориҷии он кишвар нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ин тасмим дар мавриди мақомҳои хориҷие татбиқ мешавад, ки дар фасоди густарда ва ё нақзи ҳуқуқи башар даст доранд.
Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, далелҳои кофӣ дорад, ки Муслим Хучиев дар чанд мавриди шиканҷа масъул аст.
Ҳамсари Хучиев низ аз вуруд ба Амрико манъ шуд.
Русия аз қарори манъи вуруди Муслим Хучиев ба Амрико интиқод кард ва гуфт, ки посухи ҳамвазни онро хоҳад дод. Вокуниши Маскав рӯзи 26-уми апрел садо дод.
"Манъи вуруди Хучиев ва ҳамсараш ба муносибати ояндаи ду кишвар бетаъсир нахоҳад буд", - навишат шудааст дар сомонаи Вазорати умури хориҷии Русия.