Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз "қазияи Интернет". Садои мардум ҳамеша ба Ҳукумат хоҳад расид?


Шарҳнависон ва на танҳо онҳо, балки ҳазорон нафари дигар аз иқдоми президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки шоми 23-юми апрел бо як дастур нархномаи Интернетро ба шакли пешина баргардонд, ситоиш карданд ва онро яке аз "беҳтарин амалҳои президент" номиданд.

Дар шароити кунунӣ, гирдиҳамоӣ ё эътирозҳои созанда ба назар намерасанд... Аммо ҷамъоварии имзо ва хаттӣ муроҷиат кардан ба ҳукумат метавонад муассир бошад.

Бархе гуфтанд, раисиҷумҳур аз талошҳои қимат кардани интернет хабар надошт ва замоне онҳоро бекор кард, ки аз қазия огоҳ шуд. Вале бархеи дигар бар инанд, ки маҳз эътирозҳои зиёди мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо президентро водор ба ин кор кард, вагарна ҳоло мардум зери бори сангини харҷҳои нав қарор медошт.

Тарафдорони андешаи дувум мисол меоранд, ки иқдоми президент дар авҷи норозигӣ ва ҳатто оғози талошҳои ҷамъоварии имзои мардум зидди фармони Хадамоти зиддиинҳисорӣ сурат гирифт.

"Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъолтар шавад"

Ба ҳар тартиб, ин гашти президент Раҳмон дар зеҳни бисёриҳо умед ва дар баробари он суолеро пеш овард, ки оё ҳукумат аз ин ба баъд низ дар масоили дигари доғи рӯз ба рӯҳия ва садои мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуш медиҳад ва ё ин танҳо як ҳолати истисноӣ буд, ки дар гумон аст такрор шавад?

Музафар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин таҷрибаи мусбат метавонад идомаи неке дошта бошад.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

"Чаро не? Муҳим он аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври хеле мутамаддин хостаҳои худро то ба сатҳи боло бирасонад. Дар шароити кунунӣ, гирдиҳамоӣ ё эътирозҳои созанда ба назар намерасанд, чун барои ин чанд муддат иҷозаи мақомотро бояд гирифт. Аммо ҷамъоварии имзо ва ба таври хаттӣ муроҷиат кардан ба ҳукумат сари ин ё он масъала метавонад муассир бошад. Ман намегӯям, ки ҳама дархостҳоро ҳукумат қабул мекунад, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд талошашро кунад, фаъолтар бошад", -- иброз дошт ҷаноби Олимов.

"Дар симои ҳар кас душман набинанд"

Коршиносон мегӯянд, нархи Интернет танҳо яке аз даҳҳо масъалаи дигари муҳиме буд, ки мардуми Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз раисиҷумҳур ҳалли онҳоро низ тақозо мекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи инсон, ки солҳо боз роҳбарии созмони ғайридавлатиро ба уҳда дорад, гуфт, бекор шудани фармони интернети гарон аз муттаҳид шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал омад. Аммо дар баробари ин, Бобоназарова ба як зумра мушкилиҳое ишора кард, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳукумат ҳалли онҳоро тақозо дорад. Барои идома ёфтани муколама миёни тарафҳо бояд муносибат ба ҳамдигар тағйир кунад.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

“Ҳукумат дар шахсияти ҳар касе, ки танқид мекунад, душман мебинад. Ба ин таҷриба бояд хотима дода шавад. Бубинед дар мо то ба ҳол барои як "лайк" гузоштан шаҳрвандон солҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешаванд, ҳол он ки баъзеҳо сарфаҳми "лайк" ҳам намераванд. Зиндонӣ шудани шумори зиёд шаҳрвандон худ як хавфи бузург аст ва ба нафъи ҳукумат нест. Инро бояд фаҳманд ва ислоҳ кунанд,“ -- гуфт хонум Бобоназарова.

"Ҷои кор офаред"

Ин ҳомии ҳуқуқ аз гилаи чандинсолаи ҷомеа дар мавриди харҷҳои ҳангуфти ҳукумат аз будҷа барои баргузор кардани ҷашну тантанаҳои давлатӣ ва сохтмони биноҳои бузург ёдовар шуд. Бобоназарова мегӯяд, хостаи асосии ҷомеа ҳоло сохтани корхонаҳо ва таъмини мардум бо кору маоши шоиста аст.

“Ташкили ҷойҳои корӣ бояд ҳоло дар авлавияти кори ҳукумат қарор гирад, на бунёди қасри фарҳангу биноҳои муҳташам. Мо шоҳидем, ки гуруҳ-гуруҳ шаҳрвандон хусусан мутахассисон тарки кишвар мекунанд ва ин ояндаи хубе надорад. Аз ҷумла барои худи ҳукумат”,-- афзуд ӯ.

Аммо бархе аз таҳлилгарон дар идома ёфтани ин таҷриба, яъне баланд шудани садои мардум ва расидани он ба сатҳи олии ҳукумат чандон хушбин нестанд ва аз азми худ даст кашидани ҳукуматро дар масъалаи интернет як истисно ё тасодуф медонанд.

"Қарор ҳам аз худашон буд, радди он ҳам"

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба гумон аст ҳукумат дар масъалаҳои дигар ба миcли интернет ба ҳарфи мардум гӯш диҳад.

“Шояд дар баъзе масъалаҳои хурду ҷузъӣ ҳукумат ба хостаи ҷомеа гузашт кунад, аммо дар масъалаҳои калидӣ, на. Вале дар Тоҷикистон пешбинӣ кардани амалкарди ҳукумат хеле душвор аст. Чун ҳама чиз аз табъи шахси тасмимгиранда вобаста аст, ки ин субҳ ӯ табъи хуше дорад ё не. Баъдан боло бурдани нархи интернет кори мансабдорони худи мо буд. Бинобар ин зарурати раҳмат гуфтан барои бекор кардани қарори аблаҳона нест. Фарз кардем, агар офати табиие шуд ва ҳукумат саривақт аз он ҷилавгирӣ кард, аз он мешавад ситоиш кард. Аммо ин иқдом ҷое барои ситоиш надорад. Балки амалкарди мансабдорон бояд тафтиш шавад, чун раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷазои аҷибе дар шакли мансаби нав гирифт”.

Бо ин ҳол, Мамадшоев афзуд, ҳодисаи охир воқеан нишон дод, ки дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст ва вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, бар сари ҳар мушкили пешомад муроҷиат кардан ба ҳукумат аст новобаста ба он ки ҳукумат чӣ вокуниш нишон медиҳад.

"Мо бо ҳукумат муколама дорем"

Ҳоло рӯшан нест, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин фурсати барояш муносиб чӣ истифодаҳое хоҳад кард, вале Шамсиддин Каримов, раиси Анҷумани ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва узви Шӯрои ҷамъиятӣ, мегӯяд, ҷомеаи шарвандии Тоҷикистон то ба ҳол низ бо ҳукумат муколамаву музокира дошт ва қодир аст, назару хостаҳои худро то ба болотарин сатҳ, аз ҷумла президент, бирасонад.

Шамсиддин Каримов
Шамсиддин Каримов

“Ман ҳоло гуфта наметавонам, ки ин тасмим бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё дар натиҷаи фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифтааст. Лекин қабл аз ин мо чанд амалҳои шоистае доштем, ки дар натиҷаи гуфтугӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат сурат гирифта буд. Аз ҷумла, фароҳам кардани шароити ҳуқуқии мусоидтар барои фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳз дар натиҷаи музокироти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат ба даст омад”, -- иброз дошт ҷаноби Каримов.

Ишораи Каримов дар мавриди шароити беҳтар барои кори ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон чаҳор сол инҷониб назорат аз болои созмонҳои ғайридавлатиро сахттар кард ва дар натиҷа шумораи чунин созмонҳо коҳиш ёфт.

Се сол қабл дар кишвар қонун тавре ислоҳ шуд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ танҳо бо иҷозаи давлат ҳақ доранд, аз ниҳодҳои байналмиллалӣ грант, ё кумакҳои биловиваз дарёфт кунанд. Бино бар иттилои охири Вазорати адлия айни замон дар Тоҷикистон 1700 созмони ғайридавлатӣ вуҷуд дошта, соли гузашта онҳо ҳудуди 80 миллион доллар қарзу кумаки созмонҳои хориҷиро дарёфт кардаанд.

Аммо ба ақидаи шаҳрнависон ва блогерони тоҷик муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳоле метавонад идома ёбад ва натиҷа диҳад, ки ин ҷомеа ва мардум ҳатто зери фишору ҳамлаҳои равонӣ аз роҳи худ нагардад ва дар ҳимояи ҳаққи худ ҳамеша мисли қазияи нархномаи интернет то охир истодагарӣ кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG