Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ вазифаи нав ва болотар гирифт


Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш сабукдӯш шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел хабар дод, ки бо қарори ҳукумат Саъдӣ Қодирзода аз мақомаш сабукдӯш шудааст. Сабаби барканории ӯро "гузаштан ба кори дигар", гуфтаанд. Бар асоси амри дигар, ӯ муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шудааст.

Бар пояи қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Икромиддин Вализода ба ҷойи Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйин шуд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегуяд, аз мақомаш сабукдӯш шудани Саъдӣ Қодирзода, раиси ин идора ба ва ҷойи он таъйин шудани каси дигар “ҳеҷ иртиботе ба боло рафтани қимати Интернет надорад.” Як намояндаи Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати хадамот рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “Агар ин тағийирот ба масъалаи интернет рабт медошт дар фармони президент “барои ба вазифаи дигар гузаштан” зикр намешуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел бо як фармон Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисориро аз мақомаш озод кард ва ӯро муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин намуд. Намояндаи хадамот гуфт, аз ин идора ба ҷойи дигар бурдани Саъдӣ Қодирзода, “як тағйири кадрии маъмулӣ буд, ки аз ҷониби президент сурат гирифт.”

Аммо тағйири мақом кардани Саъдӣ Қодирзода баъд аз он сурат гирифт, ки қарори идораи зери назари ӯ барои боло бурдани қимати истифода аз Интернет хашму эътирози ҷомеа ва бахусус хашми муҳоҷирони кории тоҷикро барангехт. Муҳоҷирон мегӯянд, боло бурдани қимати истифода аз Интернет, онҳоро аз муошират бо хонаводаҳояшон маҳрум мекунад.

Баъди нашри фармони президент дар расонаҳо, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқоди Саъдӣ Қодирзода пардохтанд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки “Қодирзода ба ҷазояш расид”, як нафар дар Фейсбук навиштааст, ки “Оҳи мардум раиси муҳтарамро гирифт”.

Баъзеҳо раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таъриф кардаанд, ки Саъдӣ Қодирзодаро барои қабули қарори зиёновар барои мардум аз мақомаш гирифт. Муродшо Назарзода, яке аз корбарони Фейсбук ба раиси ҷумҳур ташаккур гуфтааст, раҳбари Хадамоти зиддинҳисориро аз мақомаш озод кард ва айни замон хостааст: “Хуб мешуд агар масъулони вазорати алоқаро ҳам барои чунин пешниҳодашон аз кор озод мекард”.

Аммо ин корбарон худашон танқид шунидаанд, чун ба гуфтаи онҳо, ба мақоми баландтаре ба мақоми муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуд. Яке аз корбарон навиштааст, “ба мақоми баландтар бурдани Қодирзода бад ин маънист, ки ҳарфи мардум дар назди раҳбарон арзише надорад.”

Рӯзноманигор Азизи Нақибзод мегӯяд: “Ҳар мансабдоре, ки ба мардум мушкил меорад, ба ҷои барканорӣ ба вазифаи баландтаре баргузида мешавад. Мардум хеле хурсанд шуд, ки барои гарон шудани интернет раиси хадамот барканор шуд ва акнун масъалаи қимати Интернет бознигарӣ хоҳад шуд.“

Аммо маълум нест, ки оё қарор дар бораи қимати Интернет бознигарӣ мешавад ва ё не. Икромиддин Вализода, раиси нави Хадамоти зиддиниҳисорӣ рӯзи 23-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вазъро меомӯзам. Ҳоло пурра бо кор шинос нестам, вале сиёсати давлат ҳамин аст, ки бояд ҷонибдори мардум бошад.»

Бар асоси қарори Хадамоти зиддинҳисорӣ аз рӯзи 4-уми март қимати истифодаи Интернет дар Тоҷикистон аз рӯзи 18-уми апрел боло рафт. Ҳоло истифодаи як гигабайт Интернет дар Тоҷикистон на 30-35 сомонӣ, балки 62 сомонӣ аст.

Қабл аз ҳукми иҷро гирифтани қарор, созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо нашри баёнияҳои муштарак хостори лағви ин қарор шуда гуфтанд, ки он монеи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Аммо бо вуҷуди эътирози густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқиди мақомот санад ҳукми иҷро гирифт ва 5 рӯз баъди он раҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз кор озод шуд ва ба ҷойи дигар рафт. Ба ҷое, ки тасмимгириҳои муҳим аввал бо онҷо мувофиқа мешавад.

XS
SM
MD
LG