Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурмагомедов дар бораи нархи интернет дар Тоҷикистон чӣ гуфт?


Ҳабиб Нурмагомедов, размкори маъруфи доғистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводори зиёд дорад, аз болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистон нигаронӣ кард. Назари Ҳабиб Нурмагомедов дар ин бора зимни вохӯрии ӯ бо ҳаводоронаш дар толори маҷмааи варзишии “М1 Арена»-и шаҳри Санкт-Петербург садо дод. Ин вохӯрӣ шоми 18-уми апрел сурат гирифт. Навори ин вохӯрӣ аз тариқи шабакаи «M-1OFFICIAL MMA VIDEO” дар Ютуб пахш шуд.

Ӯ дар посух ба суоли яке аз ҳаводоронаш аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, болоравии нархи Интернет нохушоянд аст. Болоравии нархи Интернет, ки аз рӯзи 18-уми апрел шуруъ шуд ба норозигии сахти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рубарӯ шудааст. Муҳоҷирони тоҷик масъалаи гаронии нархи Интернетро ба вохӯрии Ҳабиб Нурмагомедов бурданд ва дар ин бора назари ӯро пурсиданд.

Муҳаммад Юнус, ҷавони тоҷик ба Ҳабиб Нурмагомедов, гуфт, ба мухлисонаш дар Тоҷикистон, ки ҳоло нархи Интернет онҷо боло рафтааст, чӣ маслиҳат медиҳад, ки минбаъд фаъолиятҳои уро чӣ гуна пайгирӣ кунанд?

Ҳабиб Нурмагомедов дар посух гуфт, болоравии нархи Интернет ҳамеша нохушоянд аст, вале наметавонад, бе донистани ҳама паҳлуҳои масъала мақомоти тоҷикро сарзаниш кунад.

“Ман наметавонам роҳбарияти шуморо сарзаниш кунам, ки чаро нархи Интернетро боло бурдед. Шояд дар инҷо сабабҳое бошад, ки мо намедонем,”- гуфт Ҳабиб Нурмагомедов.

Нурмагомедов ба ҳаводоронаш дар Тоҷикистон тавсия дод, ки баъди боло рафтани нархи Интернет якҷоя ҷамъ шуда Интернет харанд ва сабқати ӯро тамошо кунанд.

Болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистон зоҳиран муҳоҷиронро нигарон кардааст ва ин масъаларо то ба вохӯрии Ҳабиб Нурмагомедов бурданд.

Ҳабиб Нурмагомедов, варзишгари маъруфи доғистонӣ ва қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар муҳорибаҳои UFC мебошад. Дар Тоҷикистон пас аз сабқати ӯ бо Конор Магкрегор, варзишгари ирландӣ дар моҳи октябри соли гузашта ба Ҳабиб Нурмагомедов зиёд мухлисӣ мекунанд.

Зимнан, болоравии нархи Интернет ба норозигии шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рубарӯ шуд. Сарфи назар ин норозигиҳо ин қарор бекор нашуд.

Бар асоси қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ нархи як мегабайт интернетро ба 6,2 дирам расониданд ва қиммати як гигабайт 62 сомонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG