Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эшони Сироҷиддин Интернетро "вабои аср" номид ва дар посух чӣ шунид?


Эшони Сироҷиддин ҳангоми муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи 22-уми январи соли 2010.
Эшони Сироҷиддин ҳангоми муҳокимаи додгоҳӣ дар рӯзи 22-уми январи соли 2010.

Як руҳонии тоҷик, ки дар гузашта бо гуноҳи ифротгароӣ зиндонӣ шудааст, Интернетро “вабои аср” номид ва аз мардум хост, аз он истифода накунанд.

Сироҷиддин Абдураҳмонов, ки дар гузашта бо номи Эшони Сироҷиддин дар Душанбе шинохта буд, дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар Ютуб бо ҳимоят аз боло бурдани қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, вақти худро дар ин шабака “зоеъ накунанд."

Эшони Сироҷиддин дар видеои 18 дақиқаӣ Интернетро “сарчашмаи тамоми мусибатҳо”дар Тоҷикистон ва ҳам сабаби зинову бадахлоқӣ номида ва мегӯяд:

“Аз тамоми хоҳарони зебо, аз мардуми зебои Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки ақли зебо, фикри зебои худашонро истифода бурда... вақти зебои худро дар Интернет талаф накунанд.”

Маълум нест, видеоро Сироҷиддин Абдураҳмонов ихтиёран худаш сабт кардааст ва ё бо хоҳиши каси дигар, аммо баъд аз солҳо дигарбора дарак додани ӯро баъзеҳо кори дасти дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон меноманд.

Эшони Сироҷиддин аз аввалин мубаллиғони шинохтаи ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва соли 2009 ҳамроҳи писараш ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро соли 2013 бар асоси Қонуни афв озод карданд ва баъд аз он ба ситоиш аз ҳукумат ва сиёсатҳои он пардохт.

Дар ин видеои таблиғотӣ ӯ мардумро ба он даъват мекунад, ки мутеи сардоронашон бошанд ва ҳарфу маслиҳатҳои “табақаи болоӣ”-ро гӯш кунанд, чун ин маслиҳатҳо бар нафъи онҳост.

Сироҷиддин Абдураҳмонов, чунин ҳадисеро мисол меорад ва мегӯяд, “Аллоҳ уммати маро (пайғамбарро) ба мисли киштии дуошёна сохтааст. Дар ду табақаи киштӣ ду гуруҳ мардум зиндагӣ мекунанд.”

Даъват ба гӯш кардани маслиҳат

Рӯҳонӣ дар идома мегӯяд, ки мардуми табақаи поён обро аз табақаи болоӣ мегиранд ва рӯзе маслиҳат мекунанд, ки бояд мунтазири обе, ки “болоиҳо медиҳанд, набошанд ва худашон зери киштиро сӯрох карда об бигиранд.”

Эшони Сироҷиддин ин гуфтаро баёнгари вазъи феълии Тоҷикистон меномад ва талоши гирифтани об аз зери киштиро ба эътирозу интиқодҳои зиёд аз боло бурдани қимати Интернет ташбеҳ мекунад.

Дар идомаи паёмаш Эшони Сироҷиддин мегӯяд, “чун одамони табақаи боло донистанд, ки мардуми табақаи поён киштиро сӯрох карданӣ ҳастанд, наздашон омаданд ва онҳоро насиҳат карданд, ки чунин кореро накунанд, “зеро агар киштӣ шикофта шавад, ғарқ мегардад ва “ҳамаи мо ҳалок мешавем”.

Интиқод аз руҳонӣ барои "дурӯғгуӣ"

Руҳонии тоҷик аз мардум даъват мекунад, ки бо итоат ба раҳбарон, ба ҳар гуна “иғвову фитна” дода нашаванд. Бисёре аз онҳое, ки видеоро дидаанд, Сироҷиддин Абдураҳмоновро ба дурӯғгуӣ муттаҳам карда ва гуфтаанд, чаро андешаи 1 миллион муҳоҷири тоҷикро намекунад, ки бо боло бурдани қимати Интернет акнун наметавонанд, азизони худро аз дур ҳам бошад, ба серӣ бубинанд.

Дуввум ин, ки ба назар мерасад, дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат ба бунбаст расидаанд, ё мисли одаме ҳастанд, ки дар дарё ғарқ шуда ва чун шиноварӣ балад нест, ба ҳар чӯбу хасе, ки ояд, бо умеди наҷот мечаспад.

Муроҷиати видеоӣ, ки бинандаи зиёде пайдо накардааст, дар чанд гуруҳи Фейсбук пайдо шуд, вале баъди танқид ва аксаран шарҳҳои манфӣ онро пок карданд.

Номи Эшони Сироҷиддин, ки пайравони зиёде надорад, бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо ба матбуот роҳ ёфтааст. Ӯ вақти дар зиндон буданаш ҳам ба хабарнигорон ва албатта дар ҳузури маъмурони зиндон гуфт, “ки ҳеҷ шикоят надорад, дар инҷо ҳам ва дар берун ҳам дар хидмати мардум буд.”

Баъди раҳоӣ аз зиндон дар мусоҳибаҳо бо расонаҳои давлативу мустақил, Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҳоло фаъолияташ мамнуъ аст, “дастнишондаи хориҷиён” номид ва гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳизби динӣ эҳтиёҷ надорад.

Муроҷиатномаи нави Эшони Сироҷиддин, ки баръакси солҳои пешин риши дарозе дорад, дар ҷое сабт шудааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон умдатан дар чунин ҷой муттаҳамон ба ҷиноятро ба навор мегиранд. Ба Радиои Озодӣ ҳам маълум нест, ки ин видеоро кӣ ва дар куҷо гирифтааст. Талошҳои мо барои пайдо кардани худи Эшони Сироҷиддин натиҷа надод.

Нашри муроҷиатномаи ин руҳониро баъзеҳо талоши дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат барои таъкид ба дурустии қарор дар бораи боло бурдани қимати истифода аз Интернет номидаанд. Бар асоси қарори мазкур аз аввали моҳи март, ки рӯзи 18-уми апрел ҳукми иҷро гирифт, ширкатҳои мобилӣ нархи як мегабайт интернетро ба 6,2 дирам расонданд ва ҳоло қимати як гигабайти он 62 сомонӣ аст. Қаблан як гигабайт интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Зафари Суфӣ, хабарнигори тоҷик, ки дар берун аз кишвар қарор дорад, мегӯяд, интиқоди густурда ва эътирози ғайриинтизори мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро сахт тарсондааст, ки ҳатто ба афроде ба мисли Эшони Сироҷиддин рӯ овардаанд.

Ӯ дар мукотиба аз тариқи Фейсбук ба Радиои Озодӣ навишт: Истифода аз афроде мисли Сироҷиддин барои таъкид бар дурустии боло бурдани нархи интернет як хатои дигари ҳукумат аст. Аввалан Сироҷиддин шахсияте нест, ки ҳарфаш дар ҷомеа асаргузор бошад. Дуввум ин, ки ба назар мерасад, дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат ба бунбаст расидаанд, ё мисли одаме ҳастанд, ки дар дарё ғарқ шуда ва чун шиноварӣ балад нест, ба ҳар чӯбу хасе, ки ояд, бо умеди наҷот мечаспад. Ҳукумат аз эътирози мардум воқеан тарсидааст.»

Ҳафиз Бобоёров, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри муроҷиатномаи руҳонӣ талоше барои машруъият бахшидан ба қарорест, ки мардумро норозӣ кардааст: "Сиёсати иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди интернет ва алоқаи мобилӣ ба чанд омил, пеш аз ҳама, ҳимояи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии доираи ҳукмрон бастагӣ дорад. Бо ин роҳ мақомоти давлатӣ мекӯшанд тасмими баланд бардоштани нархи интернет ва алоқаи мобилиро машруият бахшанд, яъне ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ кунанд. Мутаассифона, мақомоти дигари ҳукуматӣ ва доираҳои васеи ҷомеа, аз он ҷумла рӯҳониёни динӣ низ барои пуштибонии ин тасмими нодуруст ҷалб шуда истодаанд. Бо ин роҳ, онҳо мехоҳанд мардумро аз назари исломӣ итминон бахшанд, ки истифодаи интернет боиси бадахлоқии ҷавонон мегардад. "

Ба гуфтаи Ҳафиз Бобоёров, дар ин талошҳои тарғиботӣ суди зиёде, ки Интернет барои рушди иқтисоду ҷомеаи ҳар кишвар дорад, нодида гирифта мешавад, "то манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии доираи ҳукмрон зарар набинанд."

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки тағйири қимати Интернет кори дуруст аст ва бар зарари мардум нест. Назар Одиназода -муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар суҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то имрӯз қиммати як мегабайт Интернет дар кишвар то 50 дирам буд ва онҳо баръакс онро поин оварда, ба 5 дирам расонданд.

Ӯ қарори мазкурро қарори дуруст номид ва гуфт, яке аз сабабҳои тағйири нарх ин буд, ки шароит фароҳам шавад, то ширкатҳои мобилӣ технологияҳои навро ворид кунанд ва суръати Интернет баланд шавад. Имкониятҳои истифода бурдани Интернети босуръатро барои мардум дастрас кунанд."

XS
SM
MD
LG