Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи хадамот: "Қарори нархи Интернет дуруст аст, ҳарчанд олӣ нест"


Назар Одиназода

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, қарори боло бурдани нархи Интернет дуруст аст, ҳарчанд як қисми мардум ба он розӣ нест.

Назар Одиназода -муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, то имрӯз қиммати як мегабайт Интернет дар кишвар то 50 дирам буд ва онҳо баръакс онро арзон карда ба 5 дирам фароварданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми апрел бо Назар Одиназода баъди он суҳбат кард, ки қарори ду баробар гарон кардани нархи Интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеа рубарӯ шуд.

Радиои Озодӣ: Суоле, ки мардум имшабу рӯз зиёд мепурсанд: чӣ зарурат буд, ки нархи Интернет то ин дараҷа гарон карда шавад. Посухи мушаххаси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин бора чӣ аст?

Назар Одиназода: "Зарурати он аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ба шароити иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намудани тарофаҳои алоқаи барқӣ аст. Дигар чиз нест. Яъне, ки тарофаҳои алоқаи барқӣ бояд пурра хароҷотро пӯшонанд ва фоидаи муайяни ширкати мобилӣ бояд бошад. Мутобиқ кардан ба шароити иқтисоди бозоргонӣ, яъне ба таври реалӣ тарофабандӣ кардани алоқаи барқӣ аст.

Радиои Озодӣ: Ширкатҳо мехостанд нархи Интернет боло равад ё Хадамоти зиддиинҳисорӣ?

Назар Одиназода: Таҳлилҳо гузаронда шуданд, аз тарафи мақомоти дахлдор пешниҳод шуд, мо баррасӣ кардем ва ба ин хулоса омадем. Дар доираи фармоиш аз 4-уми март тарофабандии ширкатҳои алоқаи барқӣ амалӣ шуданд.

Радиои Озодӣ: Яъне зарурати боло бурдани нарх вуҷуд дорад?

Назар Одиназода: "Бале зарурат вуҷуд дорад, ки ин мутобиқ гардондан аст. Мо нисбат ба ягон давлати дигар нархи тарофаҳоро беҳад баланд накардаем."

Радиои Озодӣ: Аммо нархи Интернет дар Тоҷикистон масалан дар қиёс бо Қирғизистон хеле баланд аст?

Ман мефаҳмам, ки ҳама аз қарори қабулшуда розӣ нестанд... Имрӯз мо ба таври алтернативӣ интернети ноқилӣ пешниҳод кардаем.

Назар Одиназода: Ҳар як давлат сиёсати худро дорад ва дастрасӣ ба алоқаи барқӣ гуногун аст. Шароитҳое, ки дар Қирғизистон мавҷуд аст, дар мо нест. Аз ҷиҳати техникӣ мо вобастагии дигар давлатҳоро дорем. Ҳар кишвар соҳаи андозбандии худашро дорад, мо худамонро ба дигар давлат ва шароите, ки он давлат дорад, мутобиқ карда наметавонем. Яъне ба таври реалӣ ё ҳақиқӣ вазъи иқтисоди имрӯзаро нигоҳ карда хароҷоте, ки бевосита ширкатҳои мобилӣ мекунанд, ба он вобаста мекунем.

Радиои Озодӣ: Аммо шумо фикр намекунед ки вақте нархи Интернет баланд шуд, мардум аз он камтар истифода мебаранд ва ин кор ба рушди соҳаи технология зарба мезанад?

Назар Одиназода: "Мо ба истифодабарадагони Интернет нархи як мегабайтро муайян кардем. Яъне бе аксиз ва андоз аз арзиши иловашуда 5 дирам аст. Марҳамат муштарӣ метавонад сад мегабайт, ё дусад мегабайт харад. Ихтиёр ба истеъмолкунанда аст, ягон маҳдудият нест."

Радиои Озодӣ: Маҳдудият нест, вале ҳоло нархи як гигабайт ҳоло 31-33 сомонӣ аст, аммо бар асоси қарори шумо он 62 сомонӣ мешавад. Ин албатта ба кисаи муштариён зарба мезанад.

Назар Одиназода: Биёед бо далел суҳбат кунем. Нақшаҳои тарофавӣ аз 5 дирам камтар нест. Нақшаи тарофавиро ҳисоб кунед, дақиқаҳоро ҳисоб кунед, дақиқаҳои гуфтугӯ ва миқдори мегабайте, ки ҳаст ҳисоб кунед, ки як мегайбат чӣ қадар мешавад. Як мегабайт аз 5,2 дирам кам нест. Тарофаҳои нақшавӣ аз 5 дирам то 5,7 дирам аст.​

Радиои Озодӣ: Бинед мисол, то имрӯз метавонистем бо 99 сомонӣ 6 гигабайт бихарем, ҳоло бошад нархи ҳамин миқдор интернет 372 сомонӣ шудааст.

Назар Одиназода: Дар ҳақиқат дар бастаҳои Интернет болоравӣ ҳис мешавад, тахминан 2,5-3 маротиба вобаста ба пакетҳо ҳаст. Лекин алоқае, ки ба воситаи нақшаи тарофавӣ аст. Дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” нархи як мегабайт 50 дирам буд. Яъне вақте баста тамом мешавад, як мегабайташ 50 дирам аст. Мо онро 5 дирам мондем, даҳ маротиба кам. Барои чӣ ин қадар вақт одамон истифода мебурданд касе гап намезанад ки қиммат аст? Ҳол ки мо 5 дирам мондем, 10 маротиба кам. Дар ҳақиқат нисбат ба баъзе давлатҳо он тарифе, ки мо муайян мекунем баланд мешавад. Русияро бисёр мисол меоранд, лекин имконияти он кишвар аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ ба Тоҷикистон баробар нест.

Радиои Озодӣ: Қиммати интернети мо ҳатто аз Қирғизистону Афғонистон хеле баландар аст.

Назар Одиназода: Маълумотҳои Афғонистонро надорем, дар интернет хеле чизҳо менависанд, ки асоси воқеӣ надоранд. Мо фақат бо далел гап мезанем. Дар асл гирем, нархи Интернет дар баъзе мамлакатҳо нисбати давлати мо хеле қиммат аст.

Радиои Озодӣ: Масалан кадом кишвар?

Назар Одиназода: Масалан давлатҳои Аврупо, давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ дар ин кишварҳо бисёр қиммат ҳастанд. Як чизро бояд қайд кард, ки суръати Инернет дар инҷо роли хеле муҳимро мебозад. Он Интернете, ки пешниҳод мешавад бо суръати баланд ё ба воситаи моҳвора бисёр қиммат аст. Интернети босуръат хеле қиммат аст. Суръати интернет ҳар қадар баланд бошад, маблағаш ҳам зиёд аст.

Радиои Озодӣ: Ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ қимат шудани нархи Интернет мавзӯи доғ аст ва ҳатто “санги мазори Интернет дар Тоҷикистон”-ро гузоштанд. Суоли мардум ҳам ин аст, ки чаро мақомоти давлатии Тоҷикистон садои мардумро дар ин бора намешунаванд?

Назар Одиназода: Мақомоти дахлдор ба воситаи телевизион баромад карда, моҳияти қарорро фаҳмонанд. Ман мефаҳмам, ки ҳама аз қарори қабулшуда розӣ нестанд. Дар тамоми ҷаҳон чунин аст, ки қарор садфоиза дастгирӣ намеёбад. Мо намегӯем, ки фармоиши хадамот сад дар сад аз тарафи ҷомеаи дастгирӣ меёбад. Имрӯз мо ба таври алтернативӣ интернети ноқилӣ пешниҳод кардаем. Интернети ноқилӣ барои донишҷуёни макотиби олӣ, унвонҷӯён марҳамат аз интернети ноқилӣ истифода баранд. Он тарифҳое ки мо муайян кардем барои ширкатҳои мобилӣ аст. Дар тамоми мақомотҳои давлатӣ корхонаву ташкилотҳо дар тамоми онҳо интернети хаттӣ (ноқилӣ) вуҷуд аст ва дастрас аст. Мо тарофҳоро барои алоқаи мобилӣ муқаррар кадем, ягон олим барои кори илмӣ аз интернети телефони мобилӣ истифода мебарад? Одаме, ки кори илмӣ мекунад ё донишҷӯе ки дониш меомӯзад, дар утоқи корӣ, ё китобхона нишаста аз интернети хаттӣ истифода мебарад.

Радиои Озодӣ: Оё имкони бозбинии қарор дар моҳҳои оянда вуҷуд дорад?

Назар Одиназода: Ягон чизи догма нест, семоҳаи дуюм кор кунад мо таҳлил мегузаронем. Мебинем агар ягон тағйиротҳои куллӣ ба манфиати муштариён ва ширкатҳо набошад, тағйирот ворид мекунем. Агар бинем, ки натиҷаи мусбат намедиҳад ва таҳлилҳо пурра намешаванд, боз як семоҳаи дигар амал мекунад. Албатта намегӯем, ки қарори қабулкарда бисёр “эталон” яъне аз ҳар ҷиҳат боло аст, ки тағйир дода намешавад.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо ҳамчун муовини Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарори қабулкардаи худро дуруст мешуморед?

Назар Одиназода: Агар дуруст намебуд мо ба имзо намерасондем. Ин фармоиш дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронда қабул шудааст. Мо бо ширкатҳо вохӯрӣ доштем ва ба хулоса омадем, муштариёне, ки баъзе тарофаҳоро пешпардохт кардаанд, вақте ки онҳо ба анҷом расид, ҳар ширкат се намуд тарофаро пешниҳод мекунад. Аз рӯи ҳамон муштариён интихоб кунанд.

Алтернатива интернети хаттӣ (ноқилӣ) марҳамат дастрас аст. Як ширкати "Тоҷиктелеком" нест, боз дигар ширкатҳо дар ин самт ҳастанд. Вобаста ба суръати Интернет мо бо Хадамоти алоқа ва дигар мақомотҳо ҳамкорӣ дорем, ки ширкатҳои мобилӣ имконият дошта бошанд технологияҳои навро ворид кунанд.

Яке аз сабабҳои баланд бардоштани тариф ҳам ин аст, ки шароит фароҳам шавад, то ширкатҳои мобилӣ технологияҳои сатҳи баландтарро ворид кунанд ва суръати Интернет баланд шавад. Имкониятҳои истифода бурдани Интернети босуръатро барои мардум дастрас кунанд."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG