Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳо барои боло бурдани нархи Интернет то 1 май фурсат хостанд


Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман хостаанд, ки боло бурдани нархи интернетро то 1-уми майи имсол ба таъхир гузорад.

Бар асоси қарори нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархи интернети мобилӣ аз 27-уми март ду баробар гарон хоҳад шуд. Ҳоло нархи як гигабайт интернет аз 30 то 35 сомонист.

Бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолии Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд.

Дар сурати ба иҷро даромадани қарори нав, қимати он ба беш аз 60 сомонӣ, муодили тақрибан ҳафт доллари амрикоӣ мерасад. Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ даҳ баробар гарон хоҳад шуд, аммо дар ин маврид "Тоҷиктелеком", ширкати вобаста ба Хадамоти алоқа, истисност.

Хадамот: фармоиш қабул шуд, нарх тағйир меёбад"

Масъалаи гарон кардани нархи интернет рӯзи 19-уми март дар як ҷаласаи махсус дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ гардид. Ҷузъиёти ин ҷаласа, ки пушти дари баста гузашт, феълан ошкор карда намешавад.

Вале манобеи Радио Озодӣ мегӯянд, ки намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар ин ҷаласа аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, то тасмими худ дар бораи гарон кардани нархи Интернетро бозбинӣ ё ҳаддиақал мӯҳлати онро дароз кунад.

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар ин ҷаласа гуфтаанд, ҳозир нестанд, ки то як ҳафтаи дигар нархи Интернетро якбора боло баранд. Аммо мақомоти Хадамоти зиддииҳисорӣ мегӯянд, тасмим гирифта шудааст ва он тағйир намеёбад.

Рӯзи 19-уми март дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фармоиш дар бораи тағйир додани нархи Интернет қабул шудааст ва касе онро бекор накардааст. Масъулини ин ниҳод таъкид карданд, ки сар аз 27-уми март нархи Интернет тағйир меёбад ва дар оянда мебинанд, ки чӣ натиҷа медиҳад.

"Як бастаи Интернет беш аз 300 сомонӣ мешавад, кӣ мехарад?"

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ҳоле ба тасмими худ барои якбора боло бурдани нархи Интернет пойфишорӣ доранд, ки масъулини ширкатҳои мобилӣ талош доранд ин тасмим бозбинӣ ё ҳаддиақал ба таъхир гузошта шавад.

Як масъули ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ бисёр паҳлӯҳои норӯшан вуҷуд дорад ва вақт барои татбиқаш ҳам хеле кам мондааст.

"Ширкатҳо ба ҳама идораҳо бо далел навиштанд, ки чунин қарор оқибати хуб надорад. Тасаввур кунед, як бастаи интернети иборат аз 5-6 гигабайт, ки ҳоло тақрибан сад сомонӣ аст, дар сурати ба иҷро даромадани қарори нав беш аз 300 сомонӣ мешавад. Бо ин шароите, ки мардуми Тоҷикистон дорад, кӣ онро мехарад?",-суол гузошт як масъули ширкати мобилӣ.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар сурати қабул нашудани дархости ширкатҳои мобилӣ баъд аз як ҳафтаи дигар нархи интернети мобилӣ ва гуфтугӯ тариқи NGN гарон хоҳад шуд. Ба гуфтаи манбаъ, нархи Интернет тариқи сим ё ноқил бетағйир мемонад.

Дар ҳамин ҳол масъулини баъзе ширкатҳои мобилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати аз 27-уми март боло набурдани нархи Интернет муҷозот хоҳанд шуд. Ин муҷозот ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо ҷаримаро дар назар дорад.

"Ба ҳукумат гуфтем, ки иҷрои ин қарор мушкил аст"

Зоҳиран масъулини ширкатҳои мобилӣ барои бозбинӣ шудани қарори боло бурдани нархи Интернет зиёд талош мекунанд. Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми март бо ирсоли як мактуб аз ҳукумати ҷумҳурӣ дархост кард, то қарори боло бурдани нархи Интернет бозбинӣ шавад.

Ғафурҷон Эркаев, раиси ин Анҷуман дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мактуби худ ба Ҳукумат зикр карданд, ки иҷрои қарори якбора боло бурдани нархи Интернет барои ширкатҳои мобилӣ бо вазъе, ки доранд, мушкил аст. Ба гуфтаи Эркаев, агар мақсад боло бурдани қимати Интернет аст, пас бигузор он бар асоси тавоноии ширкатҳо қимат карда шавад, на якбора.

Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.

"Мо мехоҳем як гурӯҳи корӣ имкониятҳои ширкатҳои мобилиро муайян кунад. Яъне яку якбора нархро чунин баланд накунанд, балки дар чаҳорчӯби муайян бояд баланд шавад. Иҷрои ин қарор аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест",-таъкид кард Эркаев. Роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, хизматрасонии алоқа дар шароити феълӣ бояд барои аҳолӣ дастрас бошад.

"Ман зид". Вокунишҳо ба тасмими афзоиши нархи интернет

Қарори ду баробар боло бурдани нархи интернет ба вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин 9 созмон ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ талаб карданд, ки қарори боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯҳои телефониро бекор кунад.

Онҳо гуфтаанд, боло бурдани нархи Интернет "бо вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи даромади сокинон мувофиқ нест" ва ҳуқуқи бунёдии мардум, аз ҷумла озодии баёнро маҳдуд мекунад.

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд. Рӯзи 18 март сафири ИМА дар Тоҷикистон дар нахустин нишасти матбуотиаш дар Душанбе ҳам дастрасии озод ва бемушкил ба Интернетро муҳим арзёбӣ кард.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Ҷон Марк Поммершайм дар баробари хабарнигорони тоҷик гуфт, "дастрасӣ ба маълумот хеле ва хеле муҳим аст. Шаҳрвандон бояд ба ҳама гуна маълумот дастрасӣ дошта бошанд. Муҳим нест, ки он тавассути матбуот, нашрияҳо, телевизион ваё Интернет пахш мешавад. Интернет як бахши муҳими он аст. Мавқеи ИМА дар ин замина мустаҳкам аст. Шаҳрвандон дар саросари олам талош ба харҷ медиҳанд, ки ба иттилоот дастрасии озод дошта бошанд. Ба назари ман, ин як принсипи умумӣ аст”.

Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, фанноварии пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.

Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ваё заъифи Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG