Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насринро барои ваксинзании атфол куштанд


Гиромидошти хотираи маъмури пулис, ки зимни маъракаи ваксинзанӣ кушта шуд
Гиромидошти хотираи маъмури пулис, ки зимни маъракаи ваксинзанӣ кушта шуд

Мақомоти Покистон мегӯянд, мардони мусаллаҳ як занеро, ки ба ваксинзании кӯдакон аз фалаҷи атфол машғул буд, куштанд. Ба гуфтаи маъмурони пулис, рӯзи 25-уми апрел ду мотосиклсавор ба гуруҳе аз маъмурони ваксинзанӣ дар шаҳри Чаман дар Вилояти Балучистони Шимолӣ ҳамла кардаанд.

Дар ин ҳамла маъмури 35-солаи беҳдоштӣ Насрин кушта шудааст ва корманди тиббии дигар Рашидаи 24-сола ҷароҳат бардоштааст. Ҳамла ду рӯз баъд аз аз оғози маъракаи густурдаи ваксинзанӣ барои пешгирӣ аз фалаҷи атфол дар Покистон сурат гирифт. Рӯзе пештар аз ин ду маъмури пулисро, ки кормандони тиббиро ҳамроҳӣ мекард, дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ куштанд.

Дар Покистон баъзеҳо ваксинзанӣ ба зидди фалаҷи атфолро ғайриисломӣ мешуморанд ва ба он мухолифат мекунанд.

XS
SM
MD
LG