Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин бо Ким Чен Ин дар Владивосток мулоқот кард


Президенти Русия Владимир Путин бо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин мулоқот кард. Ин нахустин мулоқоти ду роҳбари давлат аст. Мулоқот дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи федеролии Шарқи дур дар ҷазираи Владивосток баргузор мешавад.

Ҳангоми мулоқоти як ба як, ки қариб ду соат давом кард, президенти Русия бо роҳбари Куриёи Шимолӣ беҳсозии вазъ дар нимҷазираи Куриёро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Путин, мулоқот хуб анҷом шуд. Ким Чен Ин низ дар навбати худ гуфтугӯҳоро мусбат баҳо дода, аз сафараш ба Русия изҳори хушнудӣ кард.

Мулоқот дар сатҳи олӣ ҳанӯз идома доранд. Интизор меравад, роҳбарони Русия ва Куриёи Шимолӣ роҳҳалҳои мушкили ҳастаии нимҷазираи Куриё, инчунин ояндаи рушди муносибатҳоро баррасӣ кунанд.

Пеш аз мулоқот Путин аз талошҳои Ким Чен Ин дар умури тақвияти гуфтугӯҳои байни ду Куриё ва ба эътидол овардани муносибатҳо бо ИМА ёдовар шуд.

То ин замон Путин бо Ким Чен Ин боре ҳам мулоқот накарда буданд. Роҳбари Куриёи Шимолӣ боре ҳам ба Русия наомада буд.

XS
SM
MD
LG