Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар гардишгоҳи фурудгоҳи Душанбе. Садама дар хатти барқ? АКС


Шаби 24-уми апрел дар маҳаллаи "Гардишгоҳи фурудгоҳ"-и шаҳри Душанбе садои таркиш шунида шуд. Сокинони атроф гуфтанд, садои таркиш баланд буд ва хонаҳоро ларзонд.

Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, "расиши ноқилҳои баландшиддати нерӯи барқ ба вуқуъ пайвастааст, ки аз зери замин мегузаранд". Вай афзуд, "ворид шудани об ба шабакаи зеризаминии хатҳои интиқоли барқ ба ин вазъ сабаб гардид".

Дертар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияи расмӣ ҳодисаро тасдиқ кард. Мақомоти вазорат гуфтанд, "санаи 24 апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 21:00, дар натиҷаи бориши зиёди борон дар кӯчаи Аҳмади Дониш чоҳи амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омад. Дар натиҷа таркиши хурд ба вуқӯъ пайваст."

Вазорати умури дохилӣ гуфт, аз ин ҳодиса "наздик ба 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар ҷароҳат набардоштааст."

Наҷотдиҳандагон, маъмурони милиса ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва маҳалли таркиш аз чаҳор тараф бастааст.

Рӯзи 24-уми апрел дар Душанбе борони сахт борид. Дар оғози моҳи ҷорӣ низ дар натиҷаи бориши борон дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт сел омада ва ба камияш як соат роҳҳои асосии Душанбе зери об монда буд. Он замон низ роҳи наздик ба фурудгоҳи байналмилалӣ пур аз об шуда буд.

XS
SM
MD
LG