Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамлаҳо дар Шри Ланкаро бар уҳда гирифт


Гуруҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” масъулияти бомбгузориҳои хунин дар Шри Ланкаро бар уҳда гирифт, вале ҳеҷ гуна далеле барои собит кардани гуфтааш пешниҳод накард.

Дар ҳамлаҳои рӯзи 21-уми апрел ба калисо ва меҳмонхонаҳо дар шаҳри Коломбо пойтахти ин кишвар ва атрофи он бештар аз 300 нафар кушта шуданд. Гуруҳи Давлати исломӣ бо нашри баёнияе дар вебсайти хабариаш “Аъмоқ” гуфт, дар ин ҳамлаҳо “шаҳрвандони кишварҳои эътилоф ва масеҳиён дар Шри Ланка буд” ва онҳоро “ҷангҷӯёни Давлати исломӣ” анҷом додааст.

Мақомоти Шри Ланка, як гуруҳи дохилии ифротгароро масъули ҳамлаҳо дар рӯзи Иди Фусҳо номидаанд. Дар ин рӯз 310 нафар ҷон доданд ва 500 тани дигар маҷруҳ шуданд. Гуруҳи ба ном Давлати исломӣ, ки қаламравҳояш дар Ироқу Сурияро аз даст дод, дар гузашта ҳам масъулияти ҳамлаҳои гуногунро бар уҳда гирифтааст, вале акс ё видеои ҳамлаваронро нашр накардааст.

Пулиси Шри Ланка гуфт, ки 40 нафар дар робита ба бомбгузориҳо дастгир шуданд. Раҷита Сенаранте, сухангӯи ҳукумат гуфт, ки бомбгузориҳо кори дасти Ҷамоати Миллии Тавҳид як созмони ифротгарои дохилӣ будааст. Ӯ афзуд, пулис дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳо хабар доштааст, вале онҳоро нодида гирифта, амал накардааст.

XS
SM
MD
LG