Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди номзадии Тоқаев ба мақоми раиси ҷумҳури Қазоқистон


Қосимжомарт Тоқаев дар анҷумани ҳизб

Ҳизби Нур Отан, ҳизби ҳоким дар Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури муваққатро ба номзад ба мақоми президент дар интихоботи рӯзи 9-уми пешбарӣ кард. Номзадии ӯ дар анҷумани ҳизб дар рӯзи 23-уми апрел пешниҳод шуд.

Чанд ҳафта пештар аз ин Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқ баъди 30 соли ҳукуматдорӣ дар Қазоқистон ғайриинтизор аз мақомаш истеъфо дод.

Ӯ дар анҷуман гуфт: “Ман номзадии Тоқаевро барои баррасӣ пешниҳод мекунам. Аз ҳама мехоҳам, номзадии ӯро дастгирӣ кунанд.” Нурсултон Назарбоев, раиси ҳизби Нур Отан аст.

Ӯ, ки қабл аз соли 1991 пеш аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбари Қазоқистон буд, дигарандеширо зиёд таҳаммул намекард. Назарбоев рӯзи 19-уми март аз мақомаш истеъфо дод.

Қосимжомарт Тоқаев, яке аз ҳампаймонҳои сиёсии ӯ ва дипломати собиқадор ва раиси палатаи болоии порлумон ба ҷойи раиси ҷумҳури муваққат интихоб шуд.

Қосимжомарт Тоқаев рӯзи 9-уми апрел гуфт, интихоботи президентиро, ки қарор буд, як сол баъд баргузор шавад, рӯзи 9-уми июн сурат мегирад. Зоҳиран ҳадаф аз интихоботи зудрас кутоҳ кардани замони интиқоли қудрат ва ҷилавгирӣ аз ҳаргуна бесуботӣ баъд аз истеъфои Назарбоев аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Додгоҳ амр дод, Тоҷикистонро тарк кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
XS
SM
MD
LG