Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили молии Туркманистон бо Эрон, Белорус ва Туркия


Хабаргузории "Ройтерс" навишт, ки ширкатҳои хориҷӣ барои ба додгоҳ кашидани Туркманистон саф задаанд. Мушкили ширкатҳо - камбуди пули нақд аст.

Сарфи назар аз даъвои ширкатҳо, ҳукумати Туркманистон эълом кард, ки тасмим дорад, бо харҷи садҳо миллион доллар чанд иншооти нав бунёд кунад. Ба навиштаи расонаҳо, баҳси онҳо бо ҳукумати Туркманистон, ки наметавонанд, маблағи шартномаҳои басташударо дарёфт кунанд, кайҳост давом дорад.

Хабаргузории "Ройтерс" менависад, азсаргирии фурӯши гази туркманӣ ба "Газпром"-и Русия барои Ишқобод хеле ба маврид буд. Зеро, имкон пайдо шуд, ки Туркманистон баҳси ширкатҳоро ҳаллу фасл кунад.

Дар ҳоли ҳозир Туркманистон бо Эрон, Белорус ва Туркия мушкили молӣ дорад.

Ахиран ширкати мобилии МТС-и Русия ҳам аз додгоҳ хост, ки аз Туркманистон 1,5 миллиард доллар рӯёнад. Болои ин, ахиран дар назди сафорати Туркманистон дар Туркия сохтмончиёни турк бо ташкили эътирозе талаб карданд, ки харҷҳои онҳо пардохта шавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG