Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар боздоштгоҳ "сӯхт", дар додгоҳ ҷавоб мегӯяд. ВИДЕО


Истад Қурбонова

Зане, ки бо бадани сӯхта аз боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) берун шуд ва аз бадрафтори маъмурони милиса шикоят кард, дар курсии айбдорӣ нишастааст.

Мақомот Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба “ғасби замин” ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” муттаҳам мекунанд. Баррасии парвандаи ӯ рӯзи 22-юми апрел дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз шуд.

Истад Қурбонова худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, ҳаргиз замини касеро худсарона нагирифтааст. Ӯ гуфт, гап сари 6 сотих замине меравад, ки онҳо чанд сол пеш аз ширкати “Сохтмон-СТД” дар ноҳияи Айнӣ “гирифта буданд”.

"Мо барои гирифтани ин замин 32 ҳазор сомонӣ пардохтаем. Аммо онҳо нодуруст ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд. Ман гуноҳ надорам. Одамонеро, ки бо ман ғайриқонунӣ муомила карданд, ба ҷавобгарӣ кашанд", - гуфт ӯ рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Муҳокимаи парвандаи Истад Қурбонова дар додгоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Қурбонова асабӣ ба назар мерасид ва гуфт, ҳанӯз ҷойҳои сӯхтаи баданаш пурра шифо наёфта, ҳамчунин, фишори баланд ва чурра (грижа) азияташ медиҳанд. Ӯ аз бемористон ҷавоб шудааст ва дар хона ба табобат идома медиҳад.

Аммо ҷониби дигари баҳс гапҳои ӯро қабул надорад.

Латиф Ҳоҷиев, сардори ширкати “Сохтмон СТД” дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз фурӯши замин ба Қурбонова хабар надорад. “Талаби мо аз додгоҳ ҳамин аст, ки 6 сотих заминро ба ширкат баргардонанд. Мо даъвои дигар надорем”, - афзуд ӯ.

Баҳси замин миёни Истад Қурбонова ва “Сохтмон-СТД” беш аз як сол боз идома дорад. Додситонии ноҳияи Айнӣ бори аввал Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони ҳамин корхона ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао карда буд, ки Қурбонова дар 6 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохтааст.

Сипас рӯзи 2-юми январи имсол ин зани 68-соларо ба далели ҳозир нашудан барои бозпурсӣ дастгир ва ба боздоштгоҳ бурданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи наздиконаш, додситони ноҳия бо дархости вакили мудофеъ ӯро то анҷоми тафтиши парванда аз боздошт озод карда буд, маъмурони милиса ба мондани ӯ дар боздоштгоҳ пойфишорӣ кардаанд.

Қазияи Истад Қурбонова баъди он сари забонҳо шуд, ки ӯ рӯзи 11-уми январ аз боздоштгоҳи пулиси Айнӣ бо бадани сӯхта ба бемористон бурда шуд.

Қурбонова дертар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “ҳамон рӯз ба наздам ҳафт-ҳашт кас даромада, пизишкро низ даъват карданд, то "укол" кунанд.” Истад Қурбонова мегӯяд, баъди ин давоми ҳодисаро дар ёд надорад, аммо замоне ки ба худ омад, "куртааш месӯхт".

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин ҳодиса се маъмури пулиси ноҳияи Айниро аз кор озод карданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ моҳи феврали имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, “Истад Қурбонова замони дар ҳабс будан кӯшиши сӯзонидани худро кард. Мо барои сари вақти пеши роҳи инро нагирифтан, се корманди корҳои дохилиро ҷазои интизомӣ додем.”

Мурофиаи Истад Қурбонова дар Додгоҳи Хуҷанд дар ҳоле оғоз ёфт, ки Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз Додситонии кул хостааст, маъмурони милисаро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ходимони милисаи ноҳияи Айнӣ "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштаанд".

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG