Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилоф: "Маъмурони милиса ҳаёти Истад Қурбоноваро зери хатар гузоштанд"


Истад Қурбонова
Истад Қурбонова

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз Додситонии кул хостааст, он маъмурони милисаро, ки дар ҳузури онҳо Истад Қурбонова қасди худсӯзӣ карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад.

Ҳамаи мо инсон ҳастем. Магар бо як модаре, ки ҳанӯз додгоҳ гунаҳкорӣ ё бегуноҳиашро маълум накардааст, чунин рафтор дуруст аст?

Ба ҷои бемористон - ба боздоштгоҳ?

Фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ходимони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштанд". Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, Истад Қурбонова дар боздоштгоҳ аз ҷароҳати сӯхтагӣ ва фишори баланд азият мекашид, аммо ба ҷойи бемористон ба боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан бурда шуд.

Ҳодиса моҳи январи имсол рух додааст.

Додситонии ноҳияи Айнии вилояти Суғд охири моҳи феврал қарор кард, ки нисбат ба маъмурони милиса парвандаи ҷиноӣ боз нашавад. Мақомот гуфтанд, Идибой Зиёев, Саидалӣ Арбобов ва Абдуқодир Ғафуров барои "хунукназарӣ ҳангоми фаъолият" аз мақомҳои худ дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ барканор шуданд ва зарурати ифтитоҳи парванда нест.

Айнӣ - Истаравшан - Айнӣ

Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, бо чунин қарор розӣ нест. Гулнора Аминова, вакили мудофеъ аз Эътилофи зидди шиканҷа, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҷойи он ки Истад Қурбоноваро ба беморхона баранд, ҳамроҳи як бародари шафқат ба зӯрӣ ба боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан бурдаанд. Дар онҷо мебинанд, ки вазъи саломатии Қурбонова вазнин аст, қабул намекунанд. Тавсия медиҳанд, ки ба беморхона баранд. Ӯро дубора ба ноҳияи Айнӣ бурда, то бегоҳ нигоҳ доштаанд."

Аминова мегӯяд, то замоне ки вазъи саломатии Истад Қурбонова бад нашудааст, ӯро ба бемористони ноҳиявӣ набурдаанд. "Ҳамаи мо инсон ҳастем. Магар бо як модаре, ки ҳанӯз додгоҳ гунаҳкорӣ ё бегуноҳиашро маълум накардааст, чунин рафтор дуруст аст?" – суол гузошт вакили мудофеъ.

Баҳси қитъаи замин

Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнӣ рӯзи 2-юми январи имсол бо иттиҳоми ғасби қитъаи замин дастгир ва ба боздоштгоҳ интиқол ёфт.

Бори аввал Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашида буд. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас диҳад.

Вале Қурбонова бо аҳли оилааш мегӯянд, он пораи заминро харидаанд ва дар як ҳавлӣ ҳамроҳи панҷ фарзанду беш аз 20 набера зиндагӣ мекунанд.

Ҳарчанд қазияи Истад Қурбонова бо вокунишҳои тунд дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва худи ӯ машғули табобат аст, мақомот домани ӯро сар надодаанд. Қарор аст, баррасии парвандаи ӯ дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат бигирад.

"Ду дафъа даъват карданд, аммо мурофиа нашуд"

Мақомот ӯро барои "ишғоли худсаронаи қитъаи замин" ва "қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк" муттаҳам медонанд.

"Ду дафъа маро ба додгоҳ даъват карданд, аммо мурофиа оғоз нашуд. Ба мо нагуфтанд, ки баррасии парванда кай шуруъ мешавад", - гуфт Истад Қурбонова рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд.

Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG