Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истад Қурбонова баъди худсӯзӣ шартан аз боздошт озод шуд


Истад Қурбонова

Як сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки дар боздоштгоҳи пулис қасди худсӯзӣ карда буд, шартан озод шудааст. Мақомоти Додситонии вилояти Суғд рӯзи 22-юми январ дар номае ба пайвандони Истад Қурбонова гуфтаанд, ӯ ба табобат ниёз дорад ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз ҳабс озод шуд. Айни замон таҳқиқи парвандаи ин зан идома хоҳад кард.

Қаблан яке аз маъмурони милисаи ноҳияи Айнӣ гуфта буд, ки Истад Қурбонова қасди худсӯзӣ накарда, баръакс, ба бадани худ оби ҷӯш рехтааст.

"Муфаттишон ё аз Хуҷанд биоянд, ё аз Душанбе"

Истад Қурбонова бо иттиҳоми "худсарона гирифтани қитъаи замин" ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Вай аз рӯзи 11-уми январи имсол ба ин тараф дар бемористони марказии ноҳияи Айнӣ бистарист.

Дар номаи Додситонии вилояти Суғд дар бораи қасди худсӯзии Истад Қурбонова дар боздоштгоҳи муваққатии пулиси ноҳияи Айнӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо Баҳодур Бобоев, шавҳари Истад Қурбонова, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии вилоят дархости асосии онҳоро, ки қазияи ҳамсарашро на мақомоти маҳаллӣ, балки мақомоти вилоятӣ таҳқиқ кунанд, рад намудааст.

Бинои Додситонии вилояти Суғд
Бинои Додситонии вилояти Суғд

"Дархост кардем, ки аз Хуҷанд ваё аз Душанбе омада, қазияро бетарафона тафтиш кунанд. Маълум намоянд, ки дар баҳси замин кӣ гунаҳкор аст. Вале Додситонии вилоят санҷиши аризаи моро боз ба Додситонии ноҳияи Айнӣ вогузор кард", - афзуд ӯ.

"Чӣ гуна оташ гирифтани баданшро дар ёд надорад"

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайвандони Истад Қурбонова, маҳз норизоии ӯ аз таҳқиқи мақомоти маҳаллӣ боис ба қасди худсӯзиаш шудааст. Шавҳари Истад Қурбонова афзуд, ҳамсараш ба ҷуз аз сӯхтагии бадан аз бемориҳои қанд ва фишорбаландӣ ҳам азият мекашад.

Ин аксро наздикони Истад Қурбонова дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Ин аксро наздикони Истад Қурбонова дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Ӯ дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи қасди худсӯзии ҳамсараш гуфт, "оташ гирифтани баданро дар ёд дорад, вале чизи дигаре дар хотираш намондааст".

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

Оби ҷӯш рехт ё спиртро оташ зад?

Дар аввал дар замони тафтиши ҳодиса ӯ ба ҳабс гирифта нашуда буд. Рӯзи 11-уми январи имсол бо сабаби ба пурсиш ҳозир нашудани Истад Қурбонова, нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардид.

Мақомот ҳанӯз чӣ тавр дар боздоштгоҳ қасди худсӯзӣ кардани Қурбоноваро расман шарҳ надодаанд. Мақомоти пулис ба пайвандони ӯ гуфтаанд, ки вақти ба боздоштгоҳи Истаравшан фиристодан, гӯиё ҳоли ӯ бад шуд ва табиб даъват карданд. Вақти сӯзандору задан ӯ ба худ "спирт" рехт ва бо гӯгирде, ки дар ҷайбаш пинҳон медошт, ба худ оташ зад.

Қаблан яке аз маъмурони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Истад Қурбонова қасди худсӯзӣ накарда, баръакс, ба бадани худ оби ҷӯш рехтааст.

Дар ҳар ҳолат, мақомоти ноҳияи Айнӣ то кунун дар ин бора расман тафсилот надода, аз суҳбат худдорӣ меварзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG