Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни ҳамлаҳо дар Шри-Ланка ба 290 нафар расид


Полиси Шири-Ланка гуфт, шумораи ҳалокшудагон аз як қатор таркишҳои маргбор, аз ҷумла дар калисоҳо ва меҳмонхонаҳои пойтахт, ба 290 нафар расидааст. Ҳангоми таркишҳо намозгузорон дар маросими иди Пок иштирок доштанд. Шумораи захмиҳо 500 нафар гуфта мешавад. Рӯзи 21-уми апрел дар вобастагӣ ба инфиҷорҳо дар Коломбо ва атрофи он 24 кас дастгир шуд.

Рӯзи 22-юми апрел идораи президенти Шри-Ланка хабар дод, ки президент барои пайгирии пайвандҳои байналмилалӣ ба ин ҳамлаҳо дархости ёрии хориҷӣ хохад кард. Президент ҳамчунин ҳолати фавқулодаи умумӣ эълон хоҳад кард, ки нимашабии 22-юми апрел ба иҷро медарояд.

Сарвазири Шри-Ланка Ранил Викремесингх рӯзи 21-уми апрел дар назди калисои Коломбо - ҷои яке аз таркишҳои маргталаб ба рӯзноманигорон гуфт, “дастур дода шудааст, онҳое, ки ба ин ҳамлаҳо ҷавобгаранд, дастгир карда шаванд. Ба онҳо ҳамаи нерӯҳое, ки онҳо мехоҳанд, дода мешавад. Мо иҷозат намедиҳем, ки чунин ҷиноят кунанд. Мо ҳамчунин ба камбудҳо нигоҳ хоҳем кард. Барои чанд рӯзи оянда чизи муҳим барқарор кардани сулҳ аст.”

Намояндаи вижаи давлат Раҷита Сенаратне изҳор дошт, ки бовар меравад, гурӯҳи исломии маҳаллии ба номи Ҷамоати Миллии Тавҳид пушти ин бомгузориҳост. Ҳеҷ касе масъулияти ин таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст. Ӯ гуфт, бовар ба ин аст, ки бисёрии таркишҳо ҳамлаҳои маргталабона мебошанд.

XS
SM
MD
LG