Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумак ба муҳоҷирони узбекистоние, ки дар садама осеб диданд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, барои омӯзиши сабабҳои садамаи автобус дар Қазоқистон ва расондани кумак ба узбекистониҳои дар садама зарардида комиссияи ҳукуматӣ таъсис дод.

Аъзои комиссия аз ҳисоби Вазорати ҳолатҳои фавқулода, вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

"Комиссияи ҳукуматӣ дастур гирифтааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Қазоқистон ирсоли мурдаҳо ва маҷруҳонро ба ватан ташкил кунад", - хабар дод кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

Ба иттилои мақомот, дар садамаи охир 3 сокини Узбекистон кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Рӯзи 20 апрел дар километри 181-уми шоҳроҳи Алмато-Тошканд дар ҳудуди вилояти Ҷамбули Қазоқистон автобуси мусофирбар дар натиҷаи як садама чаппа шуд.

Автобус 47 мусофир дошт, ки қисме аз онҳо шаҳрвандони Узбекистон буданд. Дар натиҷа 11 мусофир дар ин садама ҳалок шуд.

XS
SM
MD
LG