Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудагони таркишҳои Шри-Ланка аз 200 тан гузашт


Пулис ва пизишкони Шри-Ланка хабар додаанд, ки шумори кушташудагони таркишҳои рӯзи якшанбе дар ин кишвар аз 200 нафар бештар шуда, теъдоди захмиён ба 500 тан расидааст.

Рӯзи якшанбе дар натиҷаи силсилаи бомбгузориҳо дар се ибодатгоҳи католикӣ ва чаҳор мемҳонсарии Шри Ланка даҳҳо нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд. Таркишҳо дар макони ҷамъомад ва ибодати онҳое рух, ки Иди Фусҳоро таҷлил мекарданд.

Дар шаҳри Ногомбо дар шимоли пойтахт дар се калисо ва дар шаҳри Баттикалоа дар як калисо таркиш ба амал омадааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси хуну харобӣ дар яке аз ин калисоҳоро гузоштаанд ва аз мақомот кумак хостаанд. Се таркиши дигар дар ситораҳои панҷситорагӣ ба вуқуъ пайвастаанд.

Мангала Самаравира, вазири молияи Шри Ланка гуфт, зоҳиран ин ҳамлаҳои “ҳамоҳангшударо барои қатлу барангехтани ваҳшату бесарусомонӣ” ба роҳ андохтаанд ва “одамони зиёди бегуноҳро” куштанд. Ҳеҷ касе, ё гуруҳе масъулияти ҳамлаҳоро бар душ нагирифтааст.

Таркишҳои ирмӯза хунгинтарин ҳамла аз замони ҷанги дохилии Шри Ланка бу шумор мераванд. Мақомот дар тамоми қаламрави мамлакат вазъи фавқулода ва куюди шабгардӣ эълон кардаанд.

Бино ба хабари манобеи гуногун пас аз таркишҳои имрӯзаи маргбори Шри-Ланка аз се то ҳафт нафар бо гумони даст доштан дар онҳо бозошт шудаанд

XS
SM
MD
LG