Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ҳайати ёрӣ ба осебдидагони садамаи Қазоқистонро таъсис дод


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон барои омӯзиши сабабҳои садамаи автобус дар Қазоқистон ва расонидани кумак ба ӯзбекистониҳои дар садама зарардида комисияи ҳукуматӣ таъсис дод.

Аъзои комисия аз ҳисоби вазорати ҳолатҳои фавқулода, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

"Комисияи ҳукуматӣ дастур гирифтааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Қазоқистон ирсоли мурдаҳо ва маҷруҳонро ба ватан ташкил кунад", - хабар дод кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ба иттилои мақомот, дар садамаи охир 3 сокини Ӯзбекистон кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 20 апрел дар километри 181-уми шоҳроҳи Алмато-Тошканд дар ҳудуди вилояти Ҷамбили Қазоқистон автобуси мусофирбар дар натиҷаи як садама чаппа шуд.

Автобус 47 мусофир дошт, ки қисме аз онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон буданд. Дар натиҷа 11 мусофир дар ин садама ҳалок шуд.

XS
SM
MD
LG