Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: "Роснефт" ба Венесуэла дар давр задани таҳримҳои ИМА кумак мерасонад


Венесуэла маблағи фурӯши нафташро сарфи назар аз таҳримҳои ИМА бо кумаки ширкати давлатии "Роснефт"-и Русия дарёфт мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Ширкати нафти Венесуэла PDVSA мушахассоти бонкиашро дар ихтиёри "Роснефт" мегузорад. Марҳилаи пардохти маблағ дар чунин мавридҳо аз 30 то 90 рӯзро дар бар мегирад, вале ширкати Русия мабағи аз фурӯши нафт ба даст омадаро фавран пардохт мекунад. "Роснефт" нафти Венесуэларо арзон мехарад ва гаронтар мефурӯшад.

Дар ҳоли ҳозир на мақомоти Венесуэла ва на мақомоти Русия хабари Reuters-ро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин "Роснеф" гуфта буд, ки "танҳо бо назардошти манофеи саҳмдоронаш фаъолияти тиҷоратӣ" анҷом медиҳад. Дар охири соли 2018 ширкати PDVSA аз "Роснефт" 2,3 миллиард доллар қарздор буд.

ИМА бо ҳадафи қатъи содироти нафти Венесуэла зидди ширкати PDVSA таҳрим ҷорӣ кард. Амрико Неколас Мадуро, президенти амалкунандаи Венесуэларо эътироф надорад.

Гузоришҳои видеоӣ

Маросими видоъ бо Махсуми Абдусаттор баъди кушта шудан дар маҳбас
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00
XS
SM
MD
LG