Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 49 сол дар Сурия мемонад?


Киштии ҷангии Русия дар пойгоҳи Тартус

Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо чанде аз мақомоти баландпояи Русия мулоқот кардааст. Бино ба гузоришҳои расонаҳои ду кишвар, тарафҳо дар бораи иҷораи бандари Тартуси Сурия гуфтугу доштаанд ва мумкин аст, созиш дар ин заминаро имзо кунанд.

Русия мехоҳад, пойгоҳи низомии мазкурро барои 49 сол ба иҷора бигирад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки Башор Ассад бо Александр Лаврентиев, фиристодаи хос барои Сурия, Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷӣ, Юрий Борисов, муовини нахуствазир ва чанде аз намояндагони вазорати дифоъ суҳбат кардааст. Ба гуфтаи мақомот, даври дигари музокироти сулҳ, ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ҳам баррасӣ шудааст.

Хабаргузории ТАСС аз қавли Юрий Борисов навиштааст, қарордоди иҷорати Тартус ба зудӣ имзо мешавад. Шӯрои Федератсияи Русия моҳи декабри соли 2017 созишнома бо Сурияро тасвиб кард, ки ба нерӯҳои Русия иҷоза медиҳад, аз пойгоҳи Тартус истифода баранд. Ин созишномаро бахше аз талошҳои Русия барои тақвияти нуфузаш дар Ховари Миёна номидаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми июли соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG