Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курёи Ҷанубӣ ба кӯдакистонҳои Ӯзбекистон 2000 пианинои рақамӣ ҳадя кард


16 апреля ширкати курёии «Booyoung Housing Co. LTD.» ба боғчаҳои бачагона ва кӯдакистонҳои Ӯзбекистон пианиноҳои рақамӣ ё диҷитол туҳфа кард.

Ин қарордод дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Шавукат Мирзиёев ба Курёи Ҷанубӣ ба имзо расида буд. Сарони ширкати «Booyoung Housing Co. LTD.» 2000 пианинои рақамиро ба кудакони ӯзбекистонӣ ҳамчун ҳусни нийяти густариши ҳамкориҳои дуҷониба ҳадя карданд.

Бино бар хабари Вазорати тарбияи томактабии Ӯзбекистон ҳадяи мазкур байни муассисаҳои томактабии вилоятҳои Хоразм, Қашқадарё, Ҷизак, шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон тақсим карда шуданд.

XS
SM
MD
LG