Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди узбек гуфт, ба хотири ҳамҷинсгароӣ латту кӯб шудааст


Падари се фарзанд, ки дар шаҳри Самарқанди Узбекистон зиндагӣ мекунад, гуфт, 14-уми апрели имсол аз сӯи се шахси ношинос латту кӯб шудааст. Ин мард гуфт, ӯро ба хотири ҳамҷинсгаро буданаш задаанд.

Марди 32-солаи латукӯбшуда нақл кард, ки ду моҳ пеш бо марде тавассути шабакаи иҷтимоӣ ошно шуд ва шоми 14-уми апрел бояд вомехӯрданд.

"Вақте ба ҷои ваъдашуда омадам, чаҳор марди ҷавон маро дар мошин шинонда, ба ҷои дигар бурданд ва латту кӯб карданд", - гуфт ӯ.

"Онҳо маро урён карда, ба навор гирифтанд. Вале ман аз дасти онҳо раҳо ёфта, худро ба об партофтам. Вақте онҳо рафтанд, ба ҷои ҳодиса баргаштам, онҳо ҷузвдон, шиноснома, 170 доллар ва 520 ҳазор сӯми маро рабуда буданд", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG