Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши деринтизори Роберт Мюллер нашр мешавад


Роберт Мюллер
Роберт Мюллер

Вазорати адлияи Амрико гуфт, ки додситони кулл Вилям Барр рӯзи 18-уми апрел нусхаи ихтисоршудаи таҳқиқот дар бораи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016- ро нашр мекунад.

Вилям Барр ва муовини ӯ Род Розенштейн, ки Роберт Мюлерро ду сол пеш муфаттиши вижаи таҳқиқ таъйин кардаанд, дар як нишасти хабарӣ дар ин рӯз дар бораи нашри таҳқиқот суҳбат мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки пайваста таҳқиқоти Мюлерро танқид карда ва онро талош барои бадном карданаш номидааст, гуфт, мумкин аст, баъди нишасти хабарии Вилям Барр худаш ҳам нишасти матбуотӣ баргузор намояд.

Зимни тафтиш Роберт Мюллер бояд маълум мекард, ки оё дар воқеъ ситоди интихоботии Доналд Трамп ва ё шариконаш барои пирӯзӣ дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ маслиҳат ва ё ҳамкорӣ кардаанд?

Бахши дигари таҳқиқ маълум кардани ин эҳтимол буд, ки оё Доналд Трамп ва ё атрофиёнаш монеи пеш бурдани ин таҳқиқ ва маълум кардани ҳақиқат шудаанд, ё не.

XS
SM
MD
LG