Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи мақомдорони Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон шуруъ шуд


Додгоҳи шаҳри Тошканд баррасии парвандаи роҳбари пешини Оҷонсии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва се зердасти ӯро шуруъ кард. Дар ин бора маркази матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 15 апрел хабар дод. Моҳи ноябри соли 2018 хабар расида буд, ки роҳбари оҷонсии мазкур бо айби гирифтани пора дар ҳаҷми калон боздошт шудааст.

Дертар манобеъ хабар доданд, ки рӯзҳои 14 то 20 ноябр наздики 20 корманди Оҷонсии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар гирифтани пора дар ҳаҷми 20 миллион доллар аз хоҳишмандони кор дар Куриёи Ҷанубӣ гумонбар шудаанд.

Додситонии кулли Узбекистон ҳам бо гузашти чанд ҳафта иттилои мазкурро тасдиқ кард. Ҳамакнун мансабдорони пешин дар доду ситади пора, қонунисозии даромадҳои номашруъ, дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилоъ, айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG