Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи калисои "Нотр Дам"-ро хомӯш карданд


Сӯхтори калисои "Нотр Дам"-и Порис, ки беш аз 9 соат идома кард, ниҳоят хомӯш шуд. Сухторнишонон хоку хокистарро берун меоранд ва деворҳову рафҳои асосиеро об мепошанд, ки аз сухтор эмин мондаанд.

Дар натиҷаи оташсӯзӣ манора ва қисме аз сақфи калисо фурӯ рехт. Манораи фурӯрехта соли 1786 сохта ва 96 метр баландӣ дошт.

Сақфи калисо аз хишт буд, ки 210 тонна вазн дошт. Ду манора ва чорчуби сохтмони калисо эмин монд.

Сабабҳои сухтор ҳоло дақиқ нест. Ба иттилои пешакӣ, сухтор дар натиҷаи корҳои бозсозии бинои асосӣ сар задааст. Додситонии Порис тафтишро шуруъ кард.

Намояндаи калисо Андре Фино гуфт, ки эҳтимол дорад осор ва иншооти муқаддаси мазҳабӣ зиён надида бошанд.

Президенти Фаронса Эммануел Макрон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, сӯхтор дар калисоро зарар ба ҳамаи фаронсавиҳо номид.

"Бо ҳамаи католикҳо ва фаронсавиҳо ҳамдардем. Ин ҳодиса маро низ ба монанди тамоми ҳамватанон андуҳгин сохт", - гуфт Макрон. Ӯ афзуд, ки бозсозии калисо фавран оғоз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG