Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" хариди гази Туркманистонро аз сар гирифт


“Газпром” - бузургтарин ширкати давлатии Русия гуфт, ки баъд аз се соли таваққуф хариди гази Туркманистонро аз сар гирифтааст. Сергей Куприянов, сухангӯи ширкат рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки “воридот сурат мегирад”.

Ширкати давлатии “Туркмангаз” ҳам хабари содироти газро тасдиқ кард. Дар бораи ҳаҷми газу қимати хариди он чизе нагуфтаанд. Русия як замон харидори аслии гази Туркманистон буд, вале Чин соли 2010 ҷойи онро гирифт.

Гази арзони Туркманистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия имкон медод, фурӯши газ ба Аврупоро зиёд кунад. Соли 2015 “Газпром” эълон кард, ки баръакси солҳои пешин дигар аз Туркманистон на 10 миллиард метри мукааб, балки 4 миллиард метри мукааб газ мехарад.

Коҳиши талабот ба гази Туркманистон, сабаби фишор ба иқтисоди ин кишвари хурд шуд, ки як манбаи аслии даромад ва пули нақди он содироти гази табиӣ аст.

XS
SM
MD
LG