Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон сиёҳ кардани шишаҳои мошинро пулакӣ карданианд


Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки имкони бар ивази маблағ иҷозат додани шишаҳои сиёҳро барои мошинҳо баррасӣ дорад.

Дар ҳоли ҳозир арзиши дақиқи сиёҳ кардани шишаҳои як мошин маълум нест, вале тахминан солонаи он ҳудуди 400-500 доллар хоҳад буд.

Пештар дар порлумони Қирғизистон пешниҳод шуда буд, ки сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро бар ивази маблағ иҷозат дода, бо пули он варзишгоҳи нав бунёд кунанд.

Дар Қирғизистон сиёҳ кардани шишаҳои пеш ва ду бари мошин манъ аст. Барои нақзи ин талабот 5,5 ҳазор сом (ҳудуди $80) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

"Чаро касе аз "бокирагӣ"-и писарон намепурсад?" Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
XS
SM
MD
LG