Парвандаи Хуршед Азизов, гумонбар ба латукӯби бераҳмонаи як духтар дар маркази шаҳри Душанбе, ки видеояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундро ба вуҷуд овард, ба додгоҳ ирсол шуд. Мақомоти умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе имрӯз, 16-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъд аз анҷоми тафтиши парванда, онро ба Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт ирсол намуданд.
Дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта парвандаи Хуршед Азизов қабул кардаанд ва дар назар аст, рӯзҳои наздик мурофиа оғоз шавад. Хуршед Азизов 23-сол дошта, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Тибқи иттилои мақомот, алайҳи ӯ бар пояи қисми дуи моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, ки аз 55 то 110 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Навори латту кӯби як духтар дар Душанбе шаби якуми март аз тарафи корбарони "Фейсбук" нашр шуд. Дар навор дида мешавад, як ҷавон духтареро аз бордони мошин поин оварда, латту кӯб мекунад ва боз дубора ба мошин зӯран савор менамояд. Дар паҳлӯи ӯ дастикам чаҳор ҷавони дигар истодаанд. Навор аз ҷониби роҳгузаре сабт шуда буд ва дар он сару садои духтар хуб шунида мешавад.
Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани навор зуд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва он дар давоми ду соат ошкор шуд. Ин ҳодиса субҳи барвақти якуми март дар назди тарабхонаи “Галакси” рух дода буд. Мақомот ҳодисаро “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” номиданд.
Малика Соҳибназарова, духтари 23-солае, ки рӯзи 1 март аз ҷониби дӯстписараш Хуршед Азизов шадидан латукӯб шуд, се рӯз баъди ҳодиса дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "худаш гунаҳгор буд" ва аслан намехоҳад, ки Азизов барои ин ҳодиса пушти панҷара равад.
Малика дар шарҳи ин ки чаро Хуршед Азизов ӯро латту кӯб кард, гуфт: "Бе пурсиш ба берун баромадам, барои ҳамин маро зад. Соати 6-и субҳ аз хонаи дугонаам ба сайругашт баромадам. Назди тарабхонаи “Галакси” рафтам, ки онҳо аз онҷо баромаданд."