Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп барои интихоботи 2020 миллионҳо доллар ҷамъ овард


Тими президенти ИМА Доналд Трамп дар давоми се моҳи ахир барои маъракаи нави интихоботии ӯ дар соли 2020 сӣ миллион доллар ҷамъ кардааст.

Маблағи умумии ҷамъшуда, бо назардошти сармояҳое, ки соли гузашта ворид шудааст, ҳудуди 41 миллион долларро ташкил медиҳад. 99 дарсади ҷонибдорони Трамп наздики 200-долларӣ кумак кардаанд. Номзадҳои демократ - сенаторҳо Бернӣ Сандерс ва Элизабет Уоррен 39 миллион доллар ҷамъ намудаанд.

Трамп ба маъракаи нави интихоботии худ моҳи январи соли 2017, ҳамагӣ чанд соат пас аз ёд кардани савганд ҳамчун раисҷумҳури ИМА расман оғоз бахшид. Ягон президенти амалкунандаи ИМА маъракаи интихоботии дубораи худро ба монанди Трамп барвақт эълом накардааст.

Барак Обама, президенти пешини ИМА маъракаи интихоботи дувуми худро ним сол пеш аз интихобот оғоз карда буд. Он замон ситоди интихоботии ӯ ҳудуди 2 миллион доллар дошт.

​Тими Доналд Трамп тасмим дорад, барои интихоби дубораи ӯ ба мақоми президентии ИМА як миллиард доллар ҷамъ кунад. Обама соли 2012 720 миллион доллар ҷамъ карда буд.

Интихоботи навбатии президентии ИМА соли 2020 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG