Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикматёр мегӯяд, Покистон ба Толибон кӯмак мекунад


Гулбиддин Ҳикматёр
Гулбиддин Ҳикматёр

Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони собиқ ва бадном дар Афғонистон мегӯяд, “ҳеҷ шакке” нест, ки Покистони ҳамсоя ба Толибон дар Афғонистон кӯмак мекунад.

Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи 14-уми апрел дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки гуфтугуҳои барномарезишуда дар ин ҳафта байни ҳукумати Кобул ва Толибон қадами муҳиме ба самти хотимаи ҷанг дар Афғонистон мешавад.

Мақомоти Амрико ва Афғонистон солҳост, ки Покистонро ба ҳимоят аз Толибон ва паноҳгоҳ додан ба тундравон муттаҳам мекунанд. Покистон ин иддаоро пайваста рад кардааст. Гулбиддин Ҳикматёр бо ҳалқаҳои пинҳонкори артиши Покистон ва хадамоти ҷосусии он иртиботи наздик дошт.

Ҳамкории ӯ бо ин ниҳодҳо солҳои 80-уми асри гузашта ва дар замони ишғоли Афғонистон аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ шуруъ шуд. Ӯ яке аз фармондеҳони асосии муҷоҳиддини афғон буд, ки аз Покистон ва Хадамоти Истихборотии Амрико пул ва аслиҳа мегирифт.

XS
SM
MD
LG