Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар остонаи сафари нахустини давлатии худ ба шаҳри Тошканд бо хабаргузории миллии Ӯзбекистон дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар суҳбат кард.
Ӯ гуфт, нақши президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар таҳкими шарикии стратегии Остонаву Тошканд калидӣ аст.
"Феълан вазифаи аввалиндараҷа тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ аст. Кишварҳои мо дар ин ду бахш имкониятҳои фаровоне доранд. Ҳукуматҳои ду кишвар тасмим доранд, табодули молро то соли 2020 ба $5 млрд расонанд", - гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи вай, миёни Қазоқистону Ӯзбекистон тақрибан масъалае нест, ки аз тариқи муколамаҳои созанда ҳал нашавад. Тоқаев изҳори боварӣ кард, ки иртиботи пайваста ва боэътимоди кунунии Қазоқистону Ӯзбекистон ба тақвияти муносибатҳои бародаронаи ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Президенти Қазоқистон 14 апрел дар доираи як сафари дурӯза озими Тошканд шуд. Қарор аст, дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо ҳамтои ӯзбекаш чанд санади муҳими ҳамкорӣ имзо шавад. Тоқаев ҳамчунин дар маросими ифтитоҳияи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон иштирок мекунад.