Дар пойтахти Туркманистон рӯзи 13 апрел баъди боронҳои дарозмуддат сел омад. Ба навиштаи расонаҳо, якбора чанд кӯчаи Ишқобод зерӣ об монд.
Алоқаи Интернет ба далели обхезӣ дар он шаҳр нуқс пайдо кард. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки Интернетро мақомот қатъ карданд ё обхезӣ боиси заъфи кори Интернет шудааст.
Амалан тамоми минтақаи ҷануби Ишқобод зери об мондаанд.