Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҳаракати автобусҳо дар масири Туркистон - Самарқанд


Нахустин автобуси мусофирбар 14 апрел аз шаҳри Туркистони Қазоқистон ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҳаракат кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Туркистон, автобусҳо аз ин ба баъд ҳар бегоҳ соати 18:00 аз истгоҳи "Олтин Орда"-и Қазоқистон ба шаҳри Самарқанд ҳаракат хоҳанд кард. Нархи роҳкиро барои як одам чаҳор ҳазор танга (ҳудуди 10 доллар) муайян шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ӯзбеку қазоқ, ҳаракати автобусҳо дар масири мазкур шумори ҷаҳонгардонро ба ду кишвар афзоиш медиҳад.

Қаблан, 10 декабри соли 2018 миёни шаҳрҳои Туркистон ва Тошканд низ ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуда буд. Мақомот гуфтанд, автобусҳои мусофирбар марзи ду кишварро озод хоҳанд гузашт.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 14 апрел бо сафари давлатии дурӯза ба Ӯзбекистон рафт.

Гузоришҳои видеоӣ

Сел дар деҳаи "Асбоб" дар ноҳияи Турсунзода
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG