Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков дар Олмон бо Ангела Меркел мулоқот мекунад


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 14 апрел бо сафари расмӣ ба Олмон рафт.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Қиғизистон, Ҷеенбеков имрӯз 15 апрел бо мақомоти расмии Олмон мулоқот ва дар форуми тиҷоратии Қирғизистону Олмон ширкат мекунад.

16 апрел дар шаҳри Берлини Олмон мулоқоти вай бо садри аъзам Ангела Меркел дар назар аст. Ҳамчунин интизор меравад, Ҷеенбеков бо Ангела Меркел барои расонаҳо изҳорот диҳанд.

Дар поёни сафари президенти Қирғизистон қарор аст, чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад.

XS
SM
MD
LG