Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов барнагашт ва аз мардум хост, ки тазоҳурот накунанд


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Омурбек Бабанов, раҳбари ҳизби "Республика" ва сиёсатмадори мухолифи қирғиз, ки беш аз якуним сол боз дар хориҷа қарор дорад, аз бозгашт ба ватанаш худдорӣ кард. Бино ба гузоришҳо, ӯ бояд рӯзи 13-уми апрел дар Бишкек мешуд.

Бабанов субҳи шанбе дар як паёми видеоӣ аз фурудгоҳи Маскав гуфт, "барои ман ҳаёти шаҳрвандони кишвар азиз аст. Ҳамин Шумо ҳастед, ки аз ман ҳимоят мекунед ва нерӯ мебахшед. Намехоҳам, ки бозии дасти бегонаҳо шавед. Даъват мекунам, ки имрӯз ба тазоҳурот набароед. Узр, агар таваққӯи Шуморо бароварда карда натавонистам. Барои ман аз Қирғизистон, мардум ва оромии он дида, арзиши олие нест."

Бо ин ҳол, Бабанов гуфт, ягона хоҳиши ӯ бозгашт ба Қирғизистон аст. Вале гуфт, мехоҳад "аз роҳи осоишта" ба ватан баргардад.

Омурбек Бабанов пас аз интихоботи президентии Қирғизистон дар соли 2017 кишварро тарк карда, гуфт, ки аз сиёсат канор рафтааст.

Дар Қирғизистон зидди ӯ ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханрониаш дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" ифтитоҳ шуд. Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз гашт.

Мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон моҳи март гуфта буданд, ки Бабанов пас аз баргашт ба ватан дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

XS
SM
MD
LG