Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 кушта ва 30 захмӣ дар ҳамла ба бозори Кветтаи Покистон


Маросими дафни қурбониён. Кветта, 12-уми апрели 2019

Дар натиҷаи таркиши бомба дар шаҳри Кветта, ҷануби ғарби Покистон, 16 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Абдураззоқ Чима, фармондеҳи пулис, ба Радиои Озодӣ гуфт, мошини бобмгузоришуда субҳи 12-уми апрел дар бозори пуриздиҳоми сабзиҷот ба кор дароварда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар миёни қурбониён ду кӯдак ҳаст. Ҳафт нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурда шудаанд, ки вазъи саломатии онҳо вазнин гуфта мешавад.

Пулиси Покистон бовар дорад, бомбгузории рӯзи ҷумъа ҷамъияти ҳазораҳоро дар Кветта ҳадаф қарор додааст. То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Ҷом Камолхон, раиси Шӯрои вазирони Балучистон, ҳамларо маҳкум кард. Вай гуфт, “дар паси ин ҳамлаи террористӣ душмани башарият меистад”.

Кветта маркази вилояти Балучистони Покистон аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG