Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо хостори таҳкими равобити Покистону Тоҷикистон дар риштаҳои амният ва мубориза бо терроризм шуд.
Дар ин мулоқот рӯзи 11 апрел раисиҷумҳури Покистон аз даъвати Тоҷикистон ба баргузории як конфаронси байнулмилалӣ ва минтақаии таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ намуд.
ПрезидентАлвӣ ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Покистону Тоҷикистон ишора намуд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Тоҷикистон зарурати раводиди сафарро баёни ду кишвар бекор мекунанд ва соҳибкорони покистонӣ метавонанд, бештар ба Тоҷикистон сафар ва он ҷо сармоягузорӣ намоянд.
Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари расмӣ аз 9 апрел дар Покистон буда, ҳамчнуин бо мақомоти олии ҳабрии ин кившар ҳамкориҳои дуҷонибаро барарсӣ кардааст.