Пулиси Украина дар робита ба паҳни видеое, ки нишон медиҳад, як мошини боркаш номзад ба мақоми президентии ин кишвар Владимир Зеленскийро пахш мекунад, парванда боз кард. Дар ин бора телевизиони "Настоящее время" бо истинод ба Пулиси миллии Украина хабар медиҳад.
Парванда бо банди таҳдид ё хушунат нисбат ба корманди давлат ва ё ходими ҷамъиятӣ боз шудааст. Дар ин видео Владимир Зеленский пеш аз анбуҳи одамон роҳ рафта, гӯё ӯро як мошини боркаш пахш мекунад.
Пулиси Украина дархостеро ба унвони маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои пок кардани навор омода дорад. Тими Зеленский дар паҳни видео ситоди интихоботии президенти кунунӣ Петр Порошенкоро айбдор кард. Видео дар саҳифае нашр шудааст, ки гӯиё ба Порошенко рабт дорад.
Ситоди интихоботии Порошенко то ҳол видеоро шарҳ надодааст.
Дар даври аввали интихоботи президентии Украина, ки 31 март баргузор шуд, ҳаҷвнигор Зеленский беш аз 30 дарсад ва Порошенко ҳудуди 16 дарсади овозҳоро ба даст оварданд. Бештари номзадҳое, ки ба даври дувуми интихобот роҳ наёфтанд, на аз Зеленский ва на аз Порошенко ҷонибдорӣ намекунанд.