Хабаргузории “Ройтерс” рӯзи 10-уми апрел бо шаҳрванди Тоҷикистон Абдулаҳад Назаров дар яке аз боздоштгоҳҳои Неруҳои Демократии Сурия сӯҳбат кардааст.
Дар ин сӯҳбат ӯ мегӯяд, моҳи гузашта дар шаҳри Бағуз, такягоҳи охирини ДИИШ дар Сурия ба размандагони курд таслим шудааст. Вай ҳамчунин афзудааст, ки чанд сол пеш аз Маскав ба Сурия сафар кард, аммо ба гуруҳи даҳшатафкани Давлати исломӣ савганди садоқат надод, барои ҳамин ин гурӯҳ низ ӯро зиндонӣ карданд. Се талоши ӯ ба фирор аз ҳудуди таҳти назорати ин гурӯҳр натиҷа надод, аммо ба мақомоти Тоҷикистон паём додааст, ки ӯро аз ин ҷо бигиранд.
«Ройтерс» менависад, ки мусоҳиба дар урдугоҳи Рмейлин зери назари аъзои Неруҳои Демократии Сурия, ки аз размандагони курд иборат аст, сурат гирифт ва гуфтаҳои Ройтерс наметавонад, дурустии гуфтаҳои уро собит кунад.