Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон иттиҳоми шиканҷа шудани собиқ додситони кулро рад кард


Мақомот дар Узбекистон иттиҳоми созмони байналмилалии Amnesty International-ро дар бораи бо хатари шиканҷа рӯбарӯ будани собиқ додситони кулли ин кишвар Рашидҷон Қодиров рад карданд. Қодиров дар боздошт буда, дар ҷиноятҳои марбут ба фасод гумонбар мешавад. Дар як изҳороти додситонии кулли Узбекистон аз 11 апрел гуфта мешавад, ки дар паи озмоиши тиббии дар ҷараёни тафтишот анҷомшуда ба чунин хулоса омадаанд, ки “Саломатии Қодиров дар шароити боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шудани ӯро иҷоза медиҳад ва дар бадани ӯ ҳеҷ осори захме дида намешавад”.

Шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳии Қодирови 67-сола дар Тошканд пушти дарҳои баста ҷараён мегирад. Қодиров дар гирифтани пора, азхудкунӣ, берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ ва ҷиноятҳои дигар ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад.

Рӯзи 8 апрел дар як изҳороти Amnesty International аз президент Шавкат Мирзиёев тақозо шуд, ки ҳуқуқи Қодиров ва 12 гумонбари дигар ҳимоят шуда, ин нафарон аз хатари шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ ҳимоят шаванд.

Созмон бо истинод ба чанд манбаи муътамад гуфтааст, ки Қодировро дар боздоштгоҳ хобравӣ намемонанд ва шиканҷа мекунанд.

Ёдрас мешавем, миёнаҳои марти соли равон манобеи наздик ба тафтишоти парвандаи Қодиров аз боздошти додситон Баҳром Қобилов хабар доданд. Қобилов як муддат гуруҳи муфаттишони парвандаи Рашид Қодировро раҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи манобеъ, Қобилов "дар шиканҷа ва амалҳои ғайриинсоние айбдор мешавад, ки ҳангоми тафтиши парвандаи додситони кулли пешин анҷом шудаанд".

Рашид Қодирови 66-соларо, ки тайи 15 соли ахир додситони кулли Ӯзбекистон буд, моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор ва 22 феврали соли гузашта дар шаҳри Тошканд барои анҷоми як қатор ҷиноятҳо дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, дар давоми муҳлати ҳабси ӯ раҳбари гуруҳи тафтишотӣ борҳо иваз шудааст.

Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон 5 марти соли гузашта писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.

XS
SM
MD
LG