Вакилони сенати Қазоқистон имрӯз, 11 апрел лоиҳаи қонуни дарёфти қарзи боимтиёзро аз Чин дар ҳаҷми 298 миллион доллар бо 2 фоизи солона, қабул карданд.
Қарз ё вом барои 20 сол дода мешавад. Ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, бо ин маблағ 10 гузаргоҳи марзиро таъмир кунад.
"Гузаргоҳҳои мавҷуда имкони қабули шумори рӯзафзуни нақлиётро надоранд. Гузаргоҳи марзии Қазоқистон бо Ӯзбекистон намуна аст. Дар ин гузаргоҳ ҳамарӯза аз 100 то 300 нақлиёт ҷамъ мешавад, баъзе ронандаҳо то 3 рӯз навбатпоӣ мекунанд", - гуфт муовини аввали сарвазири Қазоқистон Алихон Исмоилов.
Исмоилов пештар аз ин гуфта буд, ки 70 дарсади дастгоҳҳои мавриди назар аз Чин харида хоҳад шуд. Иҷрои тарҳ охири соли ҷорӣ шуруъ шуда, соли 2022 поён хоҳад ёфт.
Созиши дарёфти қарзи боимтиёз миёни Чину Қазоқистон моҳи июни соли 2018 ҳосил шуда буд.