Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев аз сари кор будани худ хабар дод


Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 10 апрел дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш ширкат кард.

Дар ин ҷаласа президент Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазир Аскар Мамин, раиси сенат Дариға Назарбоева, раиси порлумон Нурлан Нигматулин ва дигар мақомдорони Қазоқистон ҳозир буданд.

Назарбоев дар ин ҷаласа бештар дар мавриди рӯйдодҳои ахири Қазоқистон ва таъйини интихобот дар санаи 9 июни соли ҷорӣ изҳори назар кардааст.

"Ман медонам, ки дар ҷомеаи мо нигаронӣ, таассуф, интизорӣ ва умедворӣ мавҷуд аст. Ман мехоҳам бигӯям, ки ҳамаи ин ба хотири ором кардани мардум анҷом шуд ва масири тарҳрезишуда идома дорад, ман ҳамин ҷо ҳастам ва ҳамаи мо барои ободии кишвар талош мекунем", - гуфт Назарбоев.

Президенти пешин ҳамчунин аз тасмими Тоқаев дар мавриди эъломи интихоботи ғайринавбатӣ ҷонибдорӣ кард.

"Шӯрои амният мақоми олии роҳбарӣ аст. Ҳамаи мо аз ин ба баъд вазифадорем, ки дар баргузории интихобот фаъол бошем", - гуфт вай.

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон эълом кард, ки пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қазоқистон то 28 апрел идома мекунад. Интихоботи Қазоқистон рӯзи 9 июн баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG