Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат барои харҷҳои Назарбоев 1 млрд танга медиҳад


Порлумони Қазоқистон 10 апрел тағйирот ба лоиҳаи қонуни буҷаи кишварро барои се соли оянда пазируфт, ки дар асоси он барои харҷҳои президенти қаблии ин кишвар Нурсултон Назарбоев 1 миллиард танга (2,6 млн доллар) ҷудо мешавад.

4 апрел сенати Қазоқистон лоиҳаи қонуни буҷаи сесолаи кишварро барои такмилсозӣ ва ворид кардани харҷҳои дастгоҳи президенти пешин, боло бурдани моҳонаи бархе аз кормандони муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, баргардонд.

Барои ин харҷҳо дар маҷмуъ 38 миллиард танга пешбинӣ хоҳад шуд. Вакилони порлумон бидуни муҳокима якдилона ин дигаргуниҳоро пазируфтанд.

Пештар аз ин ноиб-вазири молияи Қазоқистон Татяна Савелева гуфта буд, ки таъсиси дастгоҳи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 1 миллиард танга харҷ хоҳад дошт.

Нурсултон Назарбоев баъди қариб 30 соли роҳбарӣ рӯзи 19 марти соли ҷорӣ эълом кард, ки истеъфо медиҳад. Бино ба қонуни конститутсионии он кишвар "Дар бораи президенти нахустин - пешвои миллат", Назарбоев имтиёзҳои бесобиқае дорад. Аз ҷумла ҳақ дорад: манзил, бӯстонсаро, мошин, нафақа, муҳофиз, дахлнопазирии якумрӣ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG